Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро барои сафед кардани эътиқоди худ тағйир додаанд?

Оё Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро барои сафед кардани эътиқоди худ тағйир додаанд?

Не. Баръакс, вақте мо мефаҳмем, ки ақидаамон бо таълимоти Китоби Муқаддас мувофиқ нест, онро дигар мекунем.

Пеш аз соли 1950, то чоп шудани «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» мо Китоби Муқаддасро тадқиқ мекардем. Мо аз ҳама тарҷумаҳои дастрас истифода мебурдем ва ақидаи худро дигар мекардем. Ба таълимоти чандинсолаи Шоҳидони Яҳува назар кунед ва худатон хулоса бароред, ки оё он бо таълимоти Китоби Муқаддас мувофиқ аст ё не.

  1. Эътиқоди мо: Худо Сегона нест. Дар «Бурҷи дидбонии Сион» (англ.), аз моҳи июли соли 1882 чунин гуфта шудааст: «Хонандагон медонанд, ки мо ба Яҳува, Исо ва рӯҳи муқаддас бовар дошта бошем ва таълимоти Сегона будани Худоро, яъне се Худо дар як шахсият ва ё як Худо дар се шахсиятро рад мекунем».

    Таълими Китоби Муқаддас: «Худованд Худои мо Худои ягона аст» (Такрори Шариат 6:4, Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999). «То ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту Худованди ягона ҳастӣ» (Ишаъё 37:20, Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999). Исо гуфта буд: «Падар аз Ман бузургтар аст» (Юҳанно 14:28, Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999).

  2. Эътиқоди мо: дӯзахе, ки одамон дар он абадан азоб мекашанд, нест. Дар як нашри «Бурҷи дидбонии Сион» (англ.), аз моҳи июни соли 1882, бо номи «Музди гуноҳ мамот аст» (Румиён 6:23, «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс») чунин омадааст: «Ин ибора сода ва фаҳмо аст. Хеле аҷоиб аст, ки бисёр касоне, ки Китоби Муқаддасро Каломи Худо мешуморанд, ба чизе бовар мекунанд, ки зидди ин суханон аст. Онҳо мегӯянд, ки Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки музди гуноҳ абадан азоб кашидан аст».

    Таълими Китоби Муқаддас: «Ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд» (Ҳизқиёл 18:4, 20, Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999). Мувофиқи Китоби Муқаддас онҳоеро, ки Худоро гӯш намекунанд «ҳалокати абадӣ» интизор аст (2 Таслӯникиён 1:9, Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999).

  3. Эътиқоди мо: Салтанати Худо ҳукумати воқеист. Дар «Бурҷи дидбонии Сион» (англ.), аз моҳи декабри соли 1881 чунин гуфта шуда буд: «Бо барқарор шудани ин Подшоҳӣ, тамоми ҳокимиятҳои замин нест мешаванд».

    Таълими Китоби Муқаддас: «Дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард-гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод» (Дониёл 2:44, Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999).

Оё Шоҳидони Яҳува танҳо аз «Тарҷумаи дунёи нав» истифода мебаранд?

Не. Мо дар мавъиза ҳар гуна тарҷумаҳои Китоби Муқаддасро истифода мебарем. Ҳарчанд мо «Тарҷумаи дунёи нав»-ро бепул ба одамон паҳн кунем ҳам, тайёрем, ки бо онҳо аз дигар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас омӯзиш гузаронем.