Румиён 6:1-23

  • Ҳаёти нав ба воситаи таъмид дар Масеҳ (1–11)

  • Нагузоред, ки гуноҳ дар ҷисматон ҳукмронӣ кунад (12–14)

  • Аз ғуломии гуноҳ озод шуда, ғуломони Худо гаштем (15–23)

    • Музди гуноҳ марг аст, атои Худо бошад, ҳаёт (23)

6  Пас, чӣ гӯем? Оё гуноҳ карданро давом диҳем, то ки лутфу марҳамат боз ҳам бештар маълум гардад?  Не, албатта! Мо, ки барои гуноҳ мурдаем,+ чӣ гуна метавонем боз дар гуноҳ зиндагӣ кунем?+  Оё намедонед, ки ҳамаи мо, ки дар Исои Масеҳ таъмид гирифтаем*,+ дар марги ӯ таъмид гирифтаем?+  Дар марги Масеҳ таъмид гирифта, мо бо ӯ гӯронда шудем,+ то мисли ӯ, ки бо қудрати* Падар аз мурдагон зинда шуд, ҳаёти навро соҳиб шавем.+  Агар мо мисли ӯ мемурда бошем,+ ҳатман мисли ӯ зинда мешавем ва бо ҳамин роҳ бо ӯ ягонагӣ дорем.+  Мо медонем, ки инсони куҳнаамон бо ӯ ба сутун мехкӯб карда шуд,+ то ки ҷисми пургуноҳамон бар мо ҳукмфармоӣ накунад+ ва мо дигар ғуломи гуноҳ набошем.+  Охир, касе, ки мурдааст, аз гуноҳҳояш озод аст*.  Беш аз ин, агар мо бо Масеҳ мурда бошем, бовар дорем, ки бо ӯ зиндагӣ низ мекунем.  Мо медонем, ки Масеҳ, ки ҳоло аз мурдагон зинда шудааст,+ дигар намемираду+ марг дигар бар ӯ ҳукмфармо нест. 10  Марги ӯ барои бартараф кардани гуноҳ буд ва бори дигар такрор намешавад,+ вале ҳаёти ӯ барои иҷро намудани хости Худост. 11  Ба ин монанд, шумо низ худро барои гуноҳ мурда, вале барои иҷрои хости Худо зинда ҳисобед, зеро шумо пайравони Исои Масеҳ ҳастед.+ 12  Барои ҳамин нагузоред, ки гуноҳ бар ҷисми мирандаатон ҳукмронӣ кунад,+ то шумо тобеи ҳавасҳои ҷисм нашавед. 13  Ҳамчунин узвҳои худро ба гуноҳ насупоред ва онро чун аслиҳаи бадкорӣ истифода набаред, балки худро мисли касоне, ки аз марг зинда шудаанд, ба Худо пешкаш кунед ва узвҳоятонро чун аслиҳаи росткорӣ ба ихтиёри ӯ гузоред.+ 14  Гуноҳ набояд бар шумо ҳукмфармо бошад, зеро шумо тобеи шариат нестед,+ балки дар сояи лутфи Худоед.+ 15  Ин тавр ки бошад, оё тобеи шариат набудану дар сояи лутфи Худо буданамон ба мо ҳақ медиҳад, ки гуноҳ кунем?+ Не, албатта! 16  Магар намедонед, ки, агар ба касе ғуломвор итоат кунед,+ ғуломи вай ҳастед? Ғуломии гуноҳ+ сӯйи марг мебарад,+ вале ғуломӣ ба Худо ва итоат ба ӯ сӯйи росткорӣ. 17  Лекин Худоро шукр, ки шумо, ҳарчанд пештар ғуломи гуноҳ будед, ҳоло ба таълими гирифтаатон аз таҳти дил итоат мекунед 18  ва аз банди гуноҳ озод шуда,+ ғуломи росткорӣ гаштед.+ 19  Ман бо шумо бо мисолҳои одии одамӣ гап мезанам, зеро фикрронии шумо сусту нафсонист; чи тавре ки шумо узвҳои худро ғуломи нопокиву бадкорӣ карда, ба корҳои бад даст мезадед, ҳамон тавр акнун узвҳоятонро ғуломи росткорӣ созед, то рафторатон пок бошад,+ 20  зеро, вақте шумо ғуломи гуноҳ будед, росткорӣ бар шумо ҳукмфармо набуд. 21  Шумо он вақт чӣ гуна мева ба бор меовардед? Корҳое, ки ҳоло аз онҳо шарм медоред ва оқибаташон марг аст.+ 22  Лекин, ҳоло ки аз гуноҳ озод шудед ва ғуломи Худо гаштед, покиро ба бор меоред+ ва оқибат соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешавед,+ 23  зеро музди гуноҳ марг аст,+ аммо атое, ки Худо ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ+ медиҳад, ҳаёти ҷовидонист.+

Поварақҳо

Таъмид — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «ҷалоли».
Ё «гуноҳҳояш бахшида шудаанд».