Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Муҳоҷират орзуҳои ширин ва воқеияти талх

Муҳоҷират орзуҳои ширин ва воқеияти талх

Дар ҷустуҷӯи ҳаёти беҳтар

ҶОРҶ рӯҳафтодаву ғамгин буд, чунки ӯ оилаашро бо серӣ хӯронда наметавонист. Баъзе ҳамсоягонаш аз азоби гуруснагӣ бемор буданд. Лекин Ҷорҷ медонист, ки дар мамлакати ҳамсоя шароит хубтар аст. «Ман ба он ҷо меравам, кор меёбам ва баъд аҳли оилаи худро ба наздам гирифта меорам»,— фикр мекард Ҷорҷ.

Патрисия низ орзу мекард, ки ба хориҷа рафта зиндагиашро беҳтар гардонад. Дар Нигерия вай ҷои кор надошт ва барои ҳаёти худро пеш бурдан дар он ҷо қариб ҳеҷ имконият набуд. Ӯ ва ҷавони дӯстдоштааш маслиҳат карданд, ки аз Алҷазоир гузашта ба Испания мераванд. Лекин онҳо бехабар буданд, ки роҳи биёбони Сахара то чӣ андоза пуразоб аст. «Ман ҳомиладор будам,— мегӯяд Патрисия,— ва сахт мехостам, ки ба кӯдакам ҳаёти беҳтаре муҳайё созам».

Рейчел мехост барои беҳтар кардани ҳаёташ ба Аврупо сафар кунад. Ӯ дар Филиппин ҷои корашро аз даст дод ва хешовандонаш ӯро бовар кунонданд, ки дар давлатҳои хориҷа барои касоне, ки хонаҳои шахсиро рӯбучин мекунанд, кор ёфтан осон аст. Ва ӯ барои чиптаи ҳавопаймо пул қарз гирифта азми сафар кард. Ҳангоми бо шавҳар ва духтарчааш хайрухуш кардан вай ба онҳо гуфт: «Ҷудоии мо бисёр нахоҳад буд».

Аз рӯи баъзе маълумот, дар даҳсолаҳои охир зиёда аз 200 миллион одамон ба мисли Ҷорҷ, Патрисия ва Рейчел аз ватани худ ба хориҷа мераванд. Ҳарчанд баъзеи муҳоҷирон аз ҷанг, офатҳои табиӣ ё таъқиботи диниву нажодӣ гуреза шудаанд, аксарияташон бо мақсади беҳтар кардани шароити иқтисодии худ ватанро тарк мекунанд. Дар ҷои нав муҳоҷирон бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? Оё ҳамаи онҳо ҳаёти беҳтареро, ки орзу мекунанд, ёфта метавонанд? Вақте ки волидон дар ҷустуҷӯи даромади хуб хонаро тарк мекунанд, аҳволи кӯдакон чӣ мешавад? Биёед ҷавоби ин саволҳоро дида мебароем.

Душвориҳо дар сафар ва дар ҷои нав

Якум мушкилӣ барои муҳоҷирон бисёр вақт худи роҳ аст. Ҷорҷ, ки дар борааш дар мақолаи аввал гуфта шуд, садҳо километрро бо нақлиёт паси сар кард ва дар давоми ин роҳ ӯ бо худ хӯрдании каме дошту халос. «Сафар даҳшатнок буд»,— ба ёд меорад Ҷорҷ. Бисёр муҳоҷирон ҳатто то манзилашон рафта намерасанд.

Мақсади Патрисия ба Испания расидан буд. Ӯ аз биёбони Сахара дар мошини боркаши болояш кушода сафар мекард. «Роҳи Нигерия то Алҷазоир қариб як ҳафта давом ёфт ва 25 нафарро ба мошини боркаш болоиҳам бор карда буданд. Дар роҳ ҷасади бисёр мурдаҳо мехобид ва мо дар биёбон одамонеро медидем, ки сарсону саргардон мегаштанд ва интизори марг буданд. Аз афташ, баъзе ронандагон мусофиронро бераҳмона дар роҳ партофта мерафтанд».

Рейчел баръакси Ҷорҷ ва Патрисия тавонист, ки ба Аврупо бо ҳавопаймо парвоз кунад. Дар он ҷо ӯро рӯбучини хонаи шахсие интизор буд. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ тасаввур накарда буд, ки духтарчаи дусолаашро хеле ёд мекунад. Ӯ ба хотир меорад: «Вақте ки ман модареро медидам, ки ба кӯдаки хурдаш ғамхорӣ мекард, дили ман ба духтарчаам гум мезад».

Ба Ҷорҷ дар мамлакати нав одат кардан хеле душвор буд. То ба оилааш пул фиристода тавонистани Ҷорҷ моҳҳо гузаштанд. «Бисёр шабҳо ман аз танҳоӣ ва зиқӣ гиря мекардам»,— иқрор мешавад ӯ.

Баъди якчанд моҳи сафар аз Алҷазоир Патрисия ба сарҳади давлати Марокко расид. «Он ҷо ман духтарчаамро таваллуд кардам,— мегӯяд ӯ. Ман бояд аз одамфурӯшон, ки занҳои муҳоҷирро дуздида ба фоҳишагӣ маҷбур мекарданд, пинҳон мешудам. Оқибат, ман барои он ки роҳи хатарноки баҳриро гузашта ба Испания расам, пули кофӣ ба даст овардам. Киштии мо вайрона буд ва барои кашондани миқдори зиёди мусофирон тайёр набуд. Мо бояд бо пойафзоли худ обҳои киштиро гирифта ба баҳр мепартофтем. Вақте ки мо базӯр ба Испания расидем, ман мадор надоштам, ки аз киштӣ ба соҳил фароям».

Албатта, ба муҳоҷирон лозим аст, ки ғайр аз хавфу хатари сафар чизҳои дигарро низ ба назар гиранд. Онҳо бояд оиди мушкилиҳое фикр кунанд, ки дар алоқамандӣ бо забони нав, урфу одати давлати дигар, бо гирифтани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва иҷозат ба зиндагии доимӣ ба миён омада метавонанд. Муҳоҷироне, ки аз қайди давлатӣ намегузаранд, бисёр вақт дар ёфтани кори хуб ва ҷои истиқомат, барои дохилшавӣ ба ягон мактаб ва истифодабарӣ аз хизматрасонии тиббӣ азоб мекашанд. Ҳамчунин гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ва кушодани суратҳисоби бонкӣ барои чунин шахсон душвор буда метавонад. Ва аксар вақт муҳоҷиронеро, ки иҷозатномаи давлатӣ надоранд, дигарон истисмор мекунанд ва эҳтимол чун манбаи қувваи кории арзон истифода мебаранд.

Чизи дигаре, ки мо дар борааш бояд бохирадона фикр кунем, ин пул аст, ки аксар вақт сабаби муҳоҷират мегардад. Оё ба даст овардани пули зиёд дар ҳақиқат метавонад ба мо бехатарӣ бахшад? Дар Китоби Муқаддас чунин маслиҳати равшан дода шудааст: «Барои сарват ғун кардан заҳмат накаш; тадбирсозиҳои худро тарк намо. Оё мехоҳӣ чашмони худро ба он бидӯзӣ, ва ҳол он ки он ғоиб шудааст? Зеро ки он барои худ болҳо месозад ва мисли уқоб ба осмон парида меравад» (Мас. 23:4, 5). Ҳамчунин дар ёд доред, ки чизҳои барои мо заруртарин, махсусан муҳаббат, навозишу таваҷҷӯҳи шахсони наздик ва ягонагии оилавиро бо пул харида намешавад. То чӣ андоза андӯҳовар аст, вақте волидон роҳ медиҳанд, ки дар дилашон хоҳиши ба даст овардани пул аз муҳаббат ба ҳамдигар ва меҳру дилбастагӣ ба фарзандон пурзӯр мегардад! (2 Тим. 3:1–3).

Ба ғайр аз ин, одамон ҳамчунин ниёзҳои рӯҳонӣ доранд (Мат. 5:3). Аз ин рӯ, волидони бомасъулият ҳар кори аз дасташон меомадаро карда, вазифаи аз тарафи Худо супоридашударо иҷро мекунанд ва ба фарзандонашон оиди Худо, ниятҳои Ӯ ва меъёрҳояш таълим медиҳанд (Эфс. 6:4).

Якҷоя будани оила аз пул муҳимтар аст

Ҳаёти муҳоҷирон метавонад аз ҳам фарқ кунад, вале аз мисоли Ҷорҷ, Рейчел ва Патрисия, ки дар ин силсилаи мақолаҳо оварда шудааст, дидем, ки қисмати бисёри онҳо одатан ба ҳам монанд аст. Вақте ки волидон ё ҳамсаре хонаро тарк мекунанд, оила азоб мекашад ва то аз нав якҷоя шудани он метавонад солҳо сипарӣ гардад. Дар мавриди Ҷорҷ, оилаи ӯ баъди чор сол аз нав якҷоя шуд.

Рейчел баъди қариб панҷ соли ҷудоӣ оқибат ба Филиппин баргашта, духтарчаашро ҳамроҳаш гирифта бурд. Патрисия бо кӯдакаш ба Испания расид. «Оилаи ман танҳо ӯ асту халос, барои ҳамин ман кӯшиш мекунам, ки ба вай хуб ғамхорӣ кунам»,— мегӯяд Патрисия.

Бисёри муҳоҷирон дар мамлакати дигар аз танҳоӣ, душвориҳои иқтисодӣ ва дурӣ аз оила азоб кашанд ҳам, бо вуҷуди он ҳамон ҷо мемонанд. Онҳо то ба он ҷо расидан чунон вақту қувват ва роҳпулии зиёд сарф мекунанд, ки ҳатто дар сурати барор нагирифтани корашон ба хона барнамегарданд, зеро метарсанд, ки шояд дигарон онҳоро шарманда ва масхара мекунанд. Шумораи ками онҳо ҷасорат пайдо карда ба хона бармегарданд.

Яке аз онҳое, ки чунин ҷасорат зоҳир кард, Алэн мебошад, ки дар Филиппин зиндагӣ мекунад. Ӯ ба Испания рафта кори хубе ёфт, вале баъди 18 моҳ ба хона баргашт. «Ман зану духтарчаамро хеле сахт ёд кардам,— мегӯяд Алэн. Ва қарор додам, ки дигар ҳеҷ гоҳ оилаамро гузошта ба хориҷа намеравам ва агар равам ҳам, оилаамро ҳамроҳ мебарам. Оқибат мо маҳз ҳамин тавр кардем. Оила аз пул то чӣ андоза муҳимтар аст».

Патрисия фаҳмид, ки аз пул дида боз чизи муҳимтаре ҳаст. Ӯ вақти ба Испания омадан ҳамроҳаш нусхаи Аҳди Ҷадид, яъне Навиштаҳои Муқаддаси юнониро оварда буд. «Ман ба ин китоб чун ба тӯморе, ки кушоиш меорад, менигаристам,— мегӯяд ӯ. Баъд ман бо як зане, ки Шоҳиди Яҳува буд, вохӯрдам. Пештар, ман барои бо намояндагони ин дин сӯҳбат кардан хоҳиш надоштам. Барои ҳамин, ман ба он зан бисёр савол додам, то нодуруст будани таълимоти онҳоро фош кунам. Вале зан ба таври бароям ногаҳонӣ тавонист, ки эътиқоди худро ҳимоя кунад ва ба саволҳои ман аз худи Китоби Муқаддас ҷавоб диҳад».

Аз чизҳои фаҳмидааш Патрисия ба хулоса омад, ки хушбахтии бардавом ва умеди ҳақиқӣ ба оянда на аз ҷои истиқомат ва пул, балки аз шинохтани Худо ва донистани ниятҳои Ӯ вобаста аст (Юҳ. 17:3). Патрисия боз фаҳмид, ки номи Худои ҳақиқӣ Яҳува аст (Заб. 83:18, Тарҷумаи форсӣ). Ҳамчунин ӯ аз Китоби Муқаддас хонд, ки Худо ба қарибӣ тавассути Салтанаташ, ки ба дасти Исои Масеҳ дода шудааст, ба тамоми камбағалӣ хотима мебахшад (Дон. 7:13, 14). Дар Забур 71:12, 14 гуфта мешавад: «[Исо] мискинеро, ки истиғоса мебарад, ва мазлумеро, ки мададгор надорад, халос хоҳад кард. Аз макр ва зулм ҷонҳои онҳоро раҳо хоҳад кард».

Оё шумо низ мехостед, ки вақт ҷудо карда Китоби Муқаддасро таҳқиқ кунед? Ин китоб хиради илоҳиро дар бар мегирад. Он ба шумо кӯмак мекунад, ки дар ҳаётатон кадом чиз муҳим буданашро дарк кунед, қарорҳои оқилона қабул намоед ва дар вақти мушкилиҳо истодагарӣ карда хурсандиву умедро гум накунед (Мас. 2:6–9, 20, 21).