Юҳанно 17:1-26

  • Дуои охирини Исо бо расулон (1–26)

    • Шинохтани Худо сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ мебарад (3)

    • Масеҳиён қисми ин ҷаҳон нестанд (14–16)

    • «Каломи ту ростист» (17)

    • «Номи туро ба онҳо шиносондам» (26)

17  Пас аз гуфтани ин суханон Исо чашмонашро сӯйи осмон карда, гуфт: «Эй Падар, вақту соат фаро расид. Писари худро ҷалол деҳ, то Писарат низ туро ҷалол диҳад.+  Ту ба ӯ бар тамоми одамизод қудрат додаӣ,+ то ба ҳамаи онҳое, ки ба ӯ додаӣ,+ ҳаёти ҷовидонӣ бахшад.+  Барои ҳаёти ҷовидонӣ ёфтан+ бояд ки туро, Худои ягонаи ҳақиқиро,+ ва фиристодаат Исои Масеҳро бишносанд*.+  Ман кореро, ки ба ман супоридӣ, ба анҷом расонида,+ туро дар рӯйи замин ҷалол додам.+  Акнун бошад, эй Падар, маро назди худ бо он ҷалоле, ки пеш аз пайдоиши ҷаҳон* дар наздат доштам, ҷалол деҳ.+  Ман номи туро ба одамоне, ки аз ҷаҳон ба ман додӣ, маълум намудам*.+ Онҳо аз они ту буданд ва ту онҳоро ба ман додӣ ва онҳо каломи туро риоя карданд.  Акнун онҳо фаҳмиданд, ки ҳар он чизе, ки ба ман додаӣ, аз ҷониби туст,  зеро суханонеро, ки ба ман гуфта будӣ, ба онҳо расондам.+ Онҳо ин суханонро қабул карданд ва фаҳмиданд, ки ман аз ҷониби ту омадаам+ ва бовар карданд, ки ту маро фиристодаӣ.+  Ман аз ту барои онҳо илтимос мекунам. Ман на барои ҷаҳон, балки барои касоне илтимос мекунам, ки ба ман додаӣ, зеро онҳо аз туянд. 10  Он чӣ аз ман аст, аз туст ва он чӣ аз туст, аз ман аст+ ва ман дар байни онҳо ҷалол ёфтаам. 11  Ман дигар дар ҷаҳон нестам, балки назди ту омада истодаам, вале онҳо дар ҷаҳонанд.+ Эй Падари Пок, онҳоро ба хотири номи худ, ки ба ман додаӣ, дар паноҳат нигаҳ дор,+ то онҳо як* бошанд, чуноне ки мо як* ҳастем.+ 12  Вақте бо онҳо будам, онҳоро ба хотири номи ту, ки ба ман додаӣ, нигаҳбонӣ мекардам;+ ман онҳоро ҳимоя кардам ва ҳеҷ кадоми онҳо, ғайр аз писари ҳалокат,+ нобуд нагашт,+ то навишта иҷро шавад.+ 13  Аммо акнун назди ту меоям ва ин суханонро ҳангоми дар ҷаҳон буданам гуфта истодаам, то онҳо хурсандиеро, ки ман дорам, пурра ҳис кунанд.+ 14  Ман каломи туро ба онҳо расондам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, зеро онҳо аз ин ҷаҳон нестанд,+ чунон ки ман низ аз ин ҷаҳон нестам. 15  Аз ту илтимос намекунам, ки онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки аз Шайтон* муҳофизат кунӣ.+ 16  Онҳо аз ҷаҳон нестанд,+ чунон ки ман аз ҷаҳон нестам.+ 17  Онҳоро бо ростии худ поку муқаддас гардон;+ каломи ту ростист.+ 18  Чуноне ки ту маро ба ҷаҳон фиристодӣ, ман низ онҳоро ба ҷаҳон мефиристам.+ 19  Ман худро баҳри онҳо поку муқаддас нигоҳ медорам, то онҳо низ ба воситаи ростӣ пок гарданд. 20  Ман на танҳо барои онҳо илтимос мекунам, балки ҳамчунин барои касоне, ки ба воситаи суханони онҳо ба ман имон меоранд, 21  то ҳамаи онҳо як бошанд,+ чуноне ки ту, эй Падар, бо ману ман бо ту якдилем.+ Бигзор онҳо низ бо мо якдил бошанд, то ҷаҳон бовар кунад, ки ту маро фиристодаӣ. 22  Ҷалолеро, ки ту ба ман додаӣ, ба онҳо додаам, то онҳо як бошанд, чуноне ки мо як ҳастем.+ 23  Ман бо онҳо якдилам ва ту бо ман, то онҳо якҷону яктан бошанд ва ҷаҳон бидонад, ки ту маро фиристодаӣ ва онҳоро дӯст доштаӣ, чуноне ки маро дӯст доштаӣ. 24  Эй Падар, мехоҳам касони ба ман додаат дар он ҷое, ки ман ҳастам, бо ман бошанд+ ва ҷалолеро, ки ба ман ато намудаӣ, бубинанд, зеро ту маро пеш аз бунёди олам* дӯст доштаӣ.+ 25  Эй Падари одил, ҷаҳон туро нашинохт,+ вале ман туро мешиносам+ ва онҳо фаҳмиданд, ки ту маро фиристодаӣ. 26  Ман номи туро ба онҳо шиносондам ва боз мешиносонам,+ то муҳаббате, ки ту ба ман дорӣ, дар онҳо бошад ва онҳо бо ман якдил бошанд».+

Поварақҳо

Ё «пайваста бишносанд; дар бораи... пайваста дониш гиранд».
Яъне пеш аз фарзанддор шудани Одаму Ҳавво.
Ё «шиносонидам».
Ё «якдил».
Ё «якдил».
Дар матни асл «бадкор».
Яъне пеш аз фарзанддор шудани Одаму Ҳавво.