Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Ба кӯрпа нигоҳ карда пой дароз кун» — чӣ тавр?

«Ба кӯрпа нигоҳ карда пой дароз кун» — чӣ тавр?

«Ба кӯрпа нигоҳ карда пой дароз кун» — чӣ тавр?

ФАРЗ кунед, ки шумо зери кӯрпае гарм шудан мехоҳед. Лекин, агар шумо ба дарозии он нигоҳ накарда пойҳоятонро дароз кунед, шумо гарм намешавед.

Ин мисол нишон медиҳад, ки мувофиқи даромад зиндагӣ кардан чӣ маъно дорад. Даромади шумо ба монанди ҳамон кӯрпа аст. Хароҷоти шуморо бошад, ба пойҳоятон монанд кардан мумкин аст. Душворӣ дар он аст, ки пойҳоятон аз кӯрпа набароянд, яъне хароҷотатон аз даромадатон зиёд нашавад.

Фаҳмидани ин принсип осон бошад ҳам, ба кор бурдани он ва аз он манфиат гирифтан душвор аст. Агар одамон барои мувофиқи ин принсип амал кардан саъю кӯшиш мекарданд, онҳо аз бисёр проблемаҳои пулӣ эмин мебуданд. Инро чӣ тавр метавон кард? Аз куҷо роҳбарие, ки дар ҳақиқат амалӣ аст, ёфта метавонем? Китоби Муқаддас манбаи маълумоти зиёди фоидаовар мебошад. Биёед ба маслиҳатҳои он назар кунем.

Принсипҳои манфиатбахши Китоби Муқаддас

Китоби Муқаддас дар ҳал намудани масъалаҳои даромаду хароҷоти пул ба шумо ёрдам карда метавонад. Ҳоло фақат баъзе принсипҳои онро дида мебароем. Бо онҳо шинос шавед ва бигӯед, ки оё онҳо барои мувофиқи даромад зиндагӣ кардан ба шумо ёрдам карда метавонанд?

Нақша ё буҷет тартиб диҳед. Барои дуруст истифода бурдани пул ба шумо донистани он лозим аст, ки андозаи даромадатон чанд аст ва чӣ тавр шумо онро сарф мекунед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст, вале ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад» (Масалҳо 21:5). Баъзеҳо барои фаҳмидани он ки пулро чӣ тавр сарф мекунанд, конвертҳоро истифода мебаранд. Чӣ тавр? Масалан, онҳо пули худро ҷудо мекунанд ва дар якчанд конвертҳо мемонанд: як конверт «БАРОИ ХӮРОК», дигараш «БАРОИ ИҶОРАПУЛӢ», сеюмаш «БАРОИ ЛИБОС» ва ғайра. Новобаста аз он ки шумо конвертҳоро истифода мебаред ё бо дигар роҳ хароҷотҳоятонро назорат мекунед, муҳимаш донед, ки пули шумо ба чӣ сарф шуда истодааст. Ҳамеша пулро аввал барои чизҳои зарурӣ сарф кунед, на барои чизҳои қиммату нодаркор.

Ба дигарон ҳасад набаред. Бисёр одамоне, ки дар мамлакатҳои камбағал зиндагӣ мекунанд, чизҳоеро, ки одамони мамлакатҳои бой доранд, орзу мекунанд. Бисёриҳо ба чунин васваса дода мешаванд, ки чизҳоеро, ки ҳамсоягонашон доранду ба дигарон намоиш медиҳанд, дошта бошанд. Ин дом шуда метавонад. Шояд ҳамсоя дар асл ба он чиз пул надошт ва онро ба пули қарз харидааст. Оё ба беақлии касе пайравӣ карда оқибат ба душвориҳои пулӣ дучор шудан аз рӯи хирад аст? Китоби Муқаддас чунин огоҳӣ медиҳад: «Бахил [чашмгурусна] аз паи сарват мешитобад, ва намедонад, ки бенавоӣ ба сари ӯ меояд» (Масалҳо 28:22).

Тарзи ҳаётатонро оддӣ нигоҳ доред. Исо ба пайравонаш маслиҳат дод, ки чашми худро оддӣ нигоҳ доранд (Матто 6:22). Масалан, агар пули мо фақат ба харидани тухм расаду мо доимо гӯшт харем, ин шояд ба душвории сахти пулӣ оварда расонад. Мувофиқи ҳисоботи Бонки Рушди Осиё қариб сеяки аҳолии мамлакати Филиппин ва беш аз нисфи аҳолии мамлакати Ҳиндустон маблағе, ки барои як рӯзи зиндагӣ доранд, аз 1,35 доллари амрикоӣ кам аст. Ба одамоне, ки чунин андозаи ками даромад доранд, аз рӯи хирад аст, ки диққаташонро ба чизҳои зарурӣ равона кунанд. Аммо ҳатто ба одамони давлатҳои тараққиёфта низ ин принсип кӯмак карда метавонад, ки аз душвориҳои пулӣ худро нигоҳ доранд.

Аз чизҳое, ки дар ҳақиқат лозиманд, қаноатманд бошед. Ин маслиҳат бо маслиҳати «ҳаётатонро оддӣ нигоҳ доред» ҳамовоз аст. Китоби Муқаддас дар 1 Тимотиюс 6:8 чунин маслиҳат медиҳад: «Модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд». Баъзе аз хушбахттарин одамони ин ҷаҳон маблағи зиёди пулӣ надоранд. Ба ин нигоҳ накарда, онҳо аз чизҳои доштаашон, ки ғайр аз чизҳои моддӣ, ҳамчунин муносибатҳои пурмеҳру муҳаббат бо аъзоёни оила ва дӯстонро дар бар мегирад, қаноатманданд (Масалҳо 15:17).

Аз қарзҳои нодаркор худдорӣ кунед. Чӣ қадар дуруст аст шарҳи зерини Китоби Муқаддас: «Сарватдор бар камбағалон ҳукмронӣ мекунад, ва қарздор ғуломи қарзхоҳ мегардад» (Масалҳо 22:7). Вазъиятҳое ҳастанд, ки ба назарамон ғайр аз қарзгирӣ дигар илоҷе наметобад. Лекин шахсоне, ки фақат барои харидани ягон чизи мехостагиашон қарзҳои нодаркор мегиранд, бисёр вақт ба вазъияти хеле сахту душвор рӯ ба рӯ мешаванд, ки аз он баромадан осон нест. Барои ҳамин, чӣ қадар хирадмандона аст, ки пеш аз гирифтани қарз нағзакак фикр кунем (4 Подшоҳон 4:1; Матто 18:25).

Пеш аз харидани чизе пулатонро ҷамъ кунед. Дар замони ҳозира одамон ҳама чиро зудтар харидан мехоҳанд. Лекин роҳи аз ҳама оқилона ин аст, ки пеш аз харидани ягон чиз аввал пули худро барои он ҷамъ кунем. Ин моро аз қарзгирӣ ва нохушиҳои бо он алоқаманд нигоҳ медорад. Масалан, фоизи баланди қарзӣ оқибат ба нархи ҳар он чизе ки мо мехарем, ҷамъ шуда онро аз будаш ҳам қимматтар мегардонад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо аз мӯрча «ҳикмат» омӯзем, зеро вай барои оянда «ғизои худро дар мавсими дарав захира менамояд» (Масалҳо 6:6–8; 30:24, 25).

Аз дигарон ёд гиред

Ҳамаи он маслиҳатҳое, ки мо аз Китоби Муқаддас дида баромадем, шояд ба гӯш хуб садо диҳанд, лекин оё онҳо дар ҳақиқат ба одамон барои мувофиқи даромадашон зистан ёрдам мекунанд? Биёед мисоли баъзе касонеро, ки ин маслиҳатҳоро ба кор бурда душвориҳои иқтисодиашонро бо муваффақият ҳал мекунанд, дида бароем.

Диосдадо, падари чор фарзанд, мегӯяд, ки кризиси иқтисодии чанде пеш рӯйдода таъмин кардани оилаашро барои вай боз ҳам душвортар гардонд. Ба ҳар ҳол, вай фоиданок будани тартиб додани буҷетро дарк намуд. «Ман ҳамаи пули ойликамро ҳисобу китоб мекунам,— мегӯяд ӯ. Ман он чизҳоеро, ки ба онҳо пулам сарф мешаванд, менависам». Данило низ аз рӯи ҳамин принсип амал мекунад. Ӯ ва занаш бо бизнеси хурде машғул буданд, ки он нобарор шуд. Ба ҳар ҳол, онҳо маблағи худро бодиққат сарф карда, чизҳои барояшон заруриро харида метавонанд. Ӯ мегӯяд: «Мо медонем, ки ҳар моҳ даромади мо чӣ қадар аст ва ҳамчунин медонем, ки ба хароҷотҳои доимӣ чанд пул сарф мешавад. Инро ба назар гирифта, мо ҳаматарафа дида мебароем, ки чӣ қадар пулро барои чизҳои дигар сарф карда метавонем».

Барои мувофиқи буҷети тартибдодаашон амал кардан, ба баъзеҳо лозим шуд, ки хароҷоти худро оиди баъзе чизҳо камтар кунанд. Мэрне, бевазане, ки се фарзандро калон карда истодааст, мегӯяд: «Ба ҷои ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор шудан, ману фарзандонам ба вохӯриҳои масеҳӣ акнун пиёда меравем». Мэрне кӯшиш мекунад ба фарзандонаш кӯмак кунад, ки арзиши оддӣ зиндагӣ карданро фаҳманд. Вай мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам, ки дар ба кор бурдани принсипи 1 Тимотиюс 6:8–10 намунаи ибрат бошам. Он нишон медиҳад, ки ба чизҳои доштаамон қаноат кардан муҳим аст».

Ҷералд, падари ду фарзанд, ба ин монанд рафтор мекунад. Ӯ мегӯяд: «Дар омӯзиши оилавиамон, мо ҳаёти масеҳиёнеро, ки диққаташонро ба чизҳои дар ҳақиқат муҳим, чизҳои рӯҳонӣ, равона мекунанд, муҳокима менамоем. Натиҷаҳои ин рӯҳбаландкунандаанд, зеро ки фарзандонамон харидани чизҳои дар асл номуҳимро талаб намекунанд».

Ҷанет, хоҳари муҷаррад, чун пешрав дар Филиппин хизмат мекунад. Ӯ ба наздикӣ корашро аз даст дод, вале мувофиқи шароиташ зиндагӣ карданро давом медиҳад. «Ба ман ҳамин чиз кӯмак мекунад, ки ман дар сарф кардани пул худдорӣ зоҳир мекунам ва барои камтар харҷ кардани пул роҳҳои гуногун меҷӯям,— мегӯяд ӯ. Ман аз мағозаҳои марказӣ, ки нарху наво хеле баланд аст, харид намекунам. Ба ҷои ин, ман ҷойҳоеро мекобам, ки молҳояшонро бо нархи арзонтар пешниҳод мекунанд. Чаро ман бояд пули калонро сарф кунам, дар сурате ки он чизҳоро бо нархи арзонтар харидан мумкин аст? Ҳамчунин ман аз харидани чизҳое, ки фикр накарда будам, худдорӣ мекунам». Ҷанет дар эҳтиёт карда мондани пул хиради амалиро мебинад. Вай мегӯяд: «Агар чунин шавад, ки пули зиёдатие боқӣ монад, ҳатто кам бошад ҳам, ман онро эҳтиёт карда мемонам, то дар сурати пайдо шудани хароҷотҳои ногаҳонӣ онро истифода барам».

Шумо метавонед аз рӯи даромади худ зиндагӣ кунед

Бале, бисёриҳо дарк мекунанд, ки ҳарчанд Китоби Муқаддас асосан ба арзишҳои рӯҳонӣ диққат медиҳад, он ҳамчунин роҳнамоӣ пешниҳод мекунад, ки дар масъалаҳои пулию молӣ ба мо фоиданоканд (Масалҳо 2:6; Матто 6:25–34). Агар шумо принсипҳои дар ин мақола муҳокимашудаи Китоби Муқаддасро ба кор баред ва аз шахсоне, ки аз истифодаи онҳо манфиат мегиранд, ибрат гиред, шумо низ метавонед мувофиқи даромад ва шароити худ зиндагӣ кунед. Ҳамин тавр шумо метавонед худро аз бисёр проблемаву ташвишҳое, ки миллионҳо одамон имрӯз аз онҳо азоб мекашанд, муҳофизат кунед.

[Tасвир дар саҳифаи 4]

«Мо ҳаматарафа дида мебароем, ки чӣ қадар пулро барои чизҳои дигар сарф карда метавонем»

[Tасвир дар саҳифаи 5]

«Ба ҷои ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор шудан, ману фарзандонам ба вохӯриҳои масеҳӣ акнун пиёда меравем»

[Tасвир дар саҳифаи 5]

«Ман аз харидани чизҳое, ки фикр накарда будам, худдорӣ мекунам»