Панднома 22:1-29

  • Номи нек беҳ аз дороии бузург (1)

  • Таълими кӯдак як умр фоида меорад (6)

  • Танбал мегӯяд: «Шер дар кӯча аст!» (13)

  • Чӯби адаб беақлиро дур мекунад (15)

  • Одами моҳир пеши подшоҳон меистад (29)

22  Номи нек беҳ аз дороии бузург,+Қадру қимат беҳ аз нуқраву тилло.   Бою камбағал — ҳар ду яканд: Ҳар дуро Яҳува офаридааст.+   Зирак хатарро мебинаду пинҳон мешавад,Вале сода рост сӯйи он мераваду шатта мехӯрад.   Хоксориву тарс аз ЯҳуваСарват, сарбаландӣ ва ҳаёт ба бор меоранд.+   Дар сари роҳи каҷкор хору хасу дом аст,Ҳар кӣ ҷонашро азиз дорад, аз онҳо дурӣ меҷӯяд.+   Кӯдакро дар роҳи рост таълим деҳ,+Пир шавад ҳам, аз он дур намешавад.+   Бой бар камбағал ҳукмронӣ мекунадВа қарздор ғуломи қарзхоҳ аст.+   Ҳар кӣ тухми беинсофӣ корад, фалокатро медаравад+Ва калтаки ғазабаш шикаста мешавад.+   Дасткушод барака меёбад,Зеро аз нони худ ба камбағалон медиҳад.+ 10  Каси писхандзанро* биронВа ҷанҷол хомӯш мегардад,Кашмакашу дашном низ бас мешавад. 11  Ҳар кӣ софдилиро дӯст дораду гуфтораш мулоим бошад,Подшоҳ дӯсти ӯ мешавад.+ 12  Чашмони Яҳува донишро нигаҳ медорад,Вале сухани хиёнаткоронро ӯ бекор мекунад.+ 13  Танбал мегӯяд: «Шер дар кӯча аст! Дар миёни майдон кушта мешавам!»+ 14  Даҳани зани бероҳа* чоҳи бетаг аст,+Касе, ки ба ғазаби Яҳува гирифтор бошад, ба он меафтад. 15  Беақлӣ ба дили кӯдак баста шудааст,+Чӯби адаб онро аз ӯ дур месозад.+ 16  Ҳам касе, ки барои бой шудан камбағалро ғорат мекунад*,+Ва ҳам касе, ки ба сарватманд туҳфаҳо медиҳад,Оқибат бенаво мешавад. 17  Гӯшатро хам карда, суханони хирадмандонро бишнав,+То дилатро сӯйи дониши ман моил гардонӣ,+ 18  Зеро онҳоро андаруни худ нигаҳ доштан дилпазир аст.+ Бигзор онҳо ҳамеша бар лабонат бошанд.+ 19  Ман имрӯз ба ту дониш медиҳам,То ба Яҳува таваккал намоӣ. 20  Магар ман ба ту суханонеро,Ки пур аз маслиҳату дониш буданд, нанавиштам 21  Ва суханони ҳақу ростро ба ту таълим надодам,То ба фиристандаат ҷавобҳои дурусту саҳеҳ диҳӣ? 22  Камбағалро камбағал гуфта, ғорат накун+Ва бечораро назди дарвозаи шаҳр озор надеҳ,+ 23  Зеро худи Яҳува ба доди ӯ мерасад+Ва ҷони ғоратгарони ӯро мегирад. 24  Бо хашмгин ёр нашавВа бо бадқаҳр ҷӯрагӣ накун, 25  То роҳу рафтори ӯро ёд нагирӣВа худро ба дом наандозӣ.+ 26  Дар миёни онҳое набош, ки дасти паймон медиҳандВа барои қарзи касе кафил* мешаванд.+ 27  Охир, агар пулро дода натавонӣ,Ҷойхобатро аз ту кашида мегиранд! 28  Марзаи* қадимаро,Ки бобоёнат гузоштаанд, аз ҷояш наҷунбон.+ 29  Одами дар кори худ усторо дидаӣ? Ӯ пеши подшоҳон хоҳад истод,+На пеши мардуми одӣ.

Поварақҳо

Ё «Нописандро».
Дар матни асл «зани ғайр». Ё «худобехабар».
Ё «фиреб медиҳад».
Кафил — он кӣ иҷрои кор ё пардохти чизеро ба ҷойи каси дигар ба зимма мегирад; зомин.
Марза — ишорае, ки сарҳади замини касеро нишон медиҳад; вот.