Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Подшоҳии Худо барои одамизод чӣ кор хоҳад кард?

Подшоҳии Худо барои одамизод чӣ кор хоҳад кард?

Исо шогирдонашро таълим дод, ки оиди омадани Подшоҳии Худо дуо гӯянд. Ӯ медонист, ки вазъияти ғамангези ҷаҳони имрӯза дар нияти Яҳува набуд ва Подшоҳии Ӯ ягона ҳукуматест, ки ин душвориро ҳал карда метавонад. Подшоҳии Худо барои мо чӣ кор мекунад?

ПОДШОҲИИ ХУДО АЛЛАКАЙ КАДОМ КОРРО ИҶРО КАРД?

Дар мақолаи гузашта мо гуфтем, ки Исо оиди аломате пешгӯйӣ кард, ки бояд аз барпо шудани Подшоҳии осмонӣ ва дар тахт нишастани Исои Масеҳ дарак медод.

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо баъд аз Подшоҳ шуданаш Шайтон ва девҳояшро аз осмон ронд. Ҳоло онҳо танҳо ба воқеаҳои рӯйи замин таъсир карда метавонанд. Ва ин яке аз сабабҳост, ки чаро вазъияти ҷаҳон аз соли 1914 торафт бад шуд (Ваҳй 12:7, 9).

Нигоҳ накарда ба ҳолати бадшудаистодаи ҷаҳон Исо чун Шоҳи Подшоҳии Худо ба одамони тамоми замин кӯмак мекунад. Масалан, имрӯз дар саросари дунё кори таълимдиҳии Китоби Муқаддас рафта истодааст, ки Исо ба он роҳбарӣ мекунад. Бисёриҳо Каломи Худоро омӯхта маслиҳатҳои онро дар ҳаёташон ба кор бурда истодаанд (Ишаъё 2:2–4). Миллионҳо нафар меҳнатдӯсту ҳалолкор буданро ёд гирифтанд, пайванди издивоҷашонро мустаҳкам карданд ва нисбати пул ва чизу чора назари дуруст пайдо намуданд. Китоби Муқаддас ба чунин одамон ёрӣ медиҳад, ки аз ҳоло ҳаёти худро беҳтар кунанд ва хислатҳои ба Худо маъқулро инкишоф диҳанд, то ки дар оянда дар ҳаёти орому осуда зери роҳбарии Подшоҳии Худо зиндагӣ кунанд.

ПОДШОҲИИ ХУДО БОЗ ЧӢ КОР МЕКУНАД?

Ҳарчанд Исо аллакай дар осмон ҳукмронӣ мекунад, дар замин то ҳол ҳокимиятҳои одамӣ роҳбарӣ доранд. Худо инро пешгӯйӣ карда ба Исо чунин гуфта буд: «Дар миёни душманони Худ ҳукмронӣ намо» (Забур 109:2). Ба наздикӣ Исо меояд, то доварӣ карда ҳамаи душманонашро пурра нест кунад ва ба онҳое, ки бо омодагӣ хости Худоро иҷро мекунанд, осоиштагӣ орад.

Ба наздикӣ Подшоҳии Худо корҳои зеринро иҷро мекунад:

  • Динҳои дурӯғро нест мекунад. Динҳое, ки садсолаҳо боз дурӯғро таълим медоданд ва ҳаёти одамонро душвор месохтанд, нест карда мешаванд. Китоби Муқаддас дини дурӯғро чун фоҳиша тасвир мекунад. Нестшавии он барои бисёриҳо ногаҳонӣ ва ҳайратангез хоҳад буд (Ваҳй 17:15, 16).

  • Ба ҳокимияти одамӣ хотима мебахшад. Ҳукмронии одамӣ ба анҷом мерасад (Ваҳй 19:15, 17, 18).

  • Заминро аз бадкорон тоза мекунад. Дар бораи онҳое, ки дидаю дониста корҳои бад кардан мегиранд ва ба Худо итоат намекунанд, Китоби Муқаддас чунин мегӯянд: «Шарирон аз замин маҳв хоҳанд шуд, ва хоинон аз он решакан хоҳанд гардид» (Масалҳо 2:22).

  • Шайтон ва девҳоро ба чоҳи бетаг мепартояд. Шайтон бо девҳояш «халқҳоро дигар гумроҳ» сохта наметавонанд (Ваҳй 20:3, 10).

Ҳамаи ин воқеаҳо ба касоне, ки тарафдори Подшоҳии Худо мебошанд, чӣ аҳамият дорад?

ПОДШОҲИИ ХУДО БА ИНСОНИЯТ БАРАКАТҲОИ ЗИЁД МЕОРАД

Исо чун Шоҳ аз осмон ҳукмронӣ карда корҳоеро ба ҷо меорад, ки ягон ҳокими инсонӣ карда наметавонист. 144 000 нафаре, ки аз байни одамон интихоб шудаанд, ҳамроҳаш ҳукмронӣ намуда дар кардани он корҳо ба вай кӯмак мекунанд (Ваҳй 5:9, 10; 14:1, 3). Ӯ тавре амал мекунад, то хости Худо дар замин иҷро гардад. Он вақт сокинони замин соҳиби чунин баракатҳо мешаванд:

  • Беморӣ ва марг бартараф мегардад. «Сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”» ва «марг дигар нахоҳад буд» (Ишаъё 33:24; Ваҳй 21:4).

  • Сулҳу осоиштагии ҳақиқӣ пойдор мешавад. «Писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд» ва «ҳар яке зери токи худ ва зери дарахти анҷири худ хоҳанд нишаст, ва касе онҳоро нахоҳад тарсонид» (Ишаъё 54:13; Мико 4:4).

  • Одамон бо кори фоиданок ва шавқовар машғул хоҳанд шуд. «Баргузидагони Ман аз амали дастҳои худ то ба охир истифода хоҳанд бурд. Бар абас онҳо меҳнат нахоҳанд кард» (Ишаъё 65:22, 23).

  • Экология тоза хоҳад шуд. «Биёбон ва саҳрои хушк ба ваҷд хоҳад омад, ва чӯл шод хоҳад гардид, мисли гули савсан хоҳад шукуфт» (Ишаъё 35:1).

  • Ба ҳама одамон таълим дода мешавад, ки барои абадӣ зистан бояд чӣ кор кунанд. «Барои соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан лозим аст, ки дар бораи Ту, Худои ягонаи ҳақиқӣ, ва Исои Масеҳ, ки ӯро фиристодӣ, дониш гиранд» (Юҳанно 17:3).

Худо мехоҳад, ки шумо дар ин гуна шароит зиндагӣ кунед (Ишаъё 48:18). Мақолаи навбатӣ мефаҳмонад, ки барои соҳиби чунин ҳаёт шудан чӣ бояд кард.