Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

Фариштаҳо

Фариштаҳо

Фариштаҳо дар китобу журналҳо, расмҳою филмҳо тасвир ёфтаанд. Лекин, дар асл, фариштагон кистанд ва онҳо чӣ кор мекунанд?

Фариштагон кистанд?

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

 

Худо ин офаридаҳои бошуурро пеш аз офаридани одам ва коинот офарида буд. Онҳо аз одамон тавонотаранд ва ҷойи зисти онҳову Худо як мебошад, яъне ҷое, ки барои одамон ноаёну дастнорас аст (Айюб 38:4, 7). Китоби Муқаддас ин офаридаҳои аз одамон болотарро «рӯҳҳо» ва «фариштагон» меномад (Ибриён 1:13, 14). *

Шумораи фариштагон чӣ қадар аст? Беҳад бисёр. Шумораи фариштагон дар гирдогирди тахти Худо ба «ҳазорҳо ҳазор» ё «беварҳо бевар», яъне ба даҳҳо ҳазор карат даҳ ҳазор мерасад (Ваҳй 5:11). Агар ин ибораҳоро ба маънои аслӣ фаҳмем, пас, ба хулоса меоем, ки адади фариштагон ба садҳо миллион мерасад.

«Дидам... фариштагони бисёрро... ки гирдогирди тахт... буданд ва шумораи онҳо беварҳо бевар ва ҳазорҳо ҳазор буд» (Ваҳй 5:11).

Фариштагон дар замонҳои пеш чӣ кор мекарданд?

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

 

Фариштаҳо бисёр вақт аз номи Худо гап мезаданду паёми Ӯро мерасонданд *. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки онҳо инчунин бо қуввати Худо мӯъҷизаҳо нишон медоданд. Худо фариштаашро фиристода намонд, ки Иброҳим писараш, Исҳоқро, ба қурбонӣ биёрад ва ӯро баракат дод (Ҳастӣ 22:11–18). Фаришта аз буттаи сӯзон ба Мусо зоҳир шуда, хабареро гуфт, ки ҳаёти ӯро тамоман дигар кард (Хуруҷ 3:1, 2). Вақте пайғамбар Дониёл ба чоҳи шерон партофта шуд, Худо «фариштаи Худро фиристода, даҳони шеронро баст» (Дониёл 6:22).

«Ва фариштаи Худованд дар алангаи оташ аз миёни хорбуттае ба вай [Мусо] зоҳир шуд» (Хуруҷ 3:2).

Имрӯзҳо фариштагон чӣ кор мекунанд?

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

 

Мо ҳамаи он корҳоеро, ки имрӯз фариштагон мекунанд, аниқ намедонем. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки онҳо ба одамони самимӣ кӯмак мекунанд, то дар бораи Худо бисёртар дониш гиранд (Аъмол 8:26–35; 10:1–22; Ваҳй 14:6, 7).

Яҳува ба пайғамбар Яъқуб дар хоб нишон дод, ки «нардбоне» дар замин истодаасту сараш ба осмон мерасад ва бар он фариштагон мебароянду мефароянд (Ҳастӣ 28:10–12). Ин хоб нишон медиҳад, ки Яҳува Худо фариштагонро ба замин мефиристад, то ба бандагони содиқаш ёрдам кунанд (Ҳастӣ 24:40; Хуруҷ 14:19; Забур 33:8).

«Нардбоне бар замин истодааст, ва сараш ба осмон мерасад; ва инак, фариштагони Худо бар он мебароянд ва мефуроянд» (Ҳастӣ 28:12).

^ сарх. 6 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки баъзе офаридаҳои рӯҳӣ бар зидди Худо баромаданд. Ин фариштаҳои шарир «девҳо» номида мешаванд (Луқо 10:17–20).

^ сарх. 11 Ҷолиби диққат аст, ки калимаҳои аслии ибронӣ ва юноние, ки дар Китоби Муқаддас ба маънои «фаришта» омадаанд, ҳамчунин маънои «хабаррасон»-ро доранд.