Корнома 10:1-48

  • Рӯъёи Корнилюс (1–8)

  • Петрус дар рӯъё ҳайвонҳои покшударо мебинад (9–16)

  • Назди Корнилюс омадани Петрус (17–33)

  • Петрус хушхабарро ба ғайрияҳудиён мерасонад (34–43)

    • «Худо ҳамаро бо як чашм мебинад» (34, 35)

  • Рӯҳи муқаддас гирифтани ғайрияҳудиён ва таъмиди онҳо (44–48)

10  Дар Қайсария Корнилюс ном мирисаде зиндагӣ мекард, ки дастаи* ҳарбиеро, ки дастаи итолиёвӣ ном дошт, сардорӣ мекард.  Ӯ ва аҳли оилааш одамони диндору худотарс буданд. Корнилюс ба одамон хайру садақаи бисёре мекард ва доимо ба Худо дуо мегуфт.  Боре, соатҳои сеи рӯз*,+ ӯ фариштаи Худоро ошкоро дар рӯъё дид, ки омада, гуфт: «Корнилюс!»  Корнилюс ба вай нигоҳ кард ва тарсида гуфт: «Лаббай, тақсир!» Ӯ гуфт: «Дуоҳо ва хайру садақоти ту ба даргоҳи Худованд қабул гардидаанд ва ӯ онҳоро дар хотир дорад.+  Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъӯнро, ки ҳамчунин Петрус ном дорад, даъват намо.  Ҳоло ӯ дар хонаи Шимъӯни чармгар, ки дар назди баҳр зиндагӣ мекунад, меҳмон аст».  Пас аз ин суханон фаришта аз пеши ӯ рафт. Корнилюс бошад, дарҳол ду хизматгор ва сарбози диндореро аз байни зердастонаш даъват кард.  Ӯ тамоми воқеаро ба онҳо нақл кард ва онҳоро ба Ёфо фиристод.  Рӯзи дигар, соатҳои дувоздаҳи рӯз*, вақте ки онҳо роҳ паймуда, ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус барои дуо гуфтан ба боми хона баромад. 10  Аммо дар он ҷо ӯ сахт гушна монд ва хост, ки чизе бихӯрад. Вақте ки хӯрокро тайёр мекарданд, ӯ чунин рӯъё дид:+ 11  осмон кушода шуд ва чизе* ба монанди дастархони калоне аз катон, ки аз чор гӯшааш овезон буд, ба замин фаромад. 12  Дар он ҳар гуна чорпоён, хазандагон ва парандагони осмон буданд. 13  Ҳамон лаҳза овозе ба гӯшаш расид: «Эй Петрус, бархез ва бикушу бихӯр!» 14  Аммо Петрус гуфт: «Ҳаргиз, тақсирам, зеро ман ҳеҷ гоҳ чизи ҳаром ва нопокро ба даҳон нагирифтаам».+ 15  Бори дуюм ба гӯшаш хитобе расид: «Минбаъд чизеро, ки Худо пок гардонидааст, ҳаром нагӯй». 16  Овоз бори сеюм низ ба гӯши Петрус расид ва ҳамон лаҳза он дастархон* ба осмон бурда шуд. 17  Вақте ки Петрус дар бораи маънои рӯъёи дидааш фикру андеша мекард, фиристодагони Корнилюс хонаи Шимъӯнро суроғ карда, ба назди дарвоза омада буданд.+ 18  Онҳо бо овози баланд пурсиданд: «Оё Шимъӯн, ки ӯро Петрус меноманд, дар ҳамин ҷост?» 19  Дар ҳоле ки Петрус дар бораи он рӯъё мулоҳиза мекард, рӯҳ+ ба ӯ гуфт: «Ана, се мард туро суроғ мекунанд. 20  Бархеста, поён фаро ва бе дудилагӣ бо онҳо равона шав, зеро онҳоро ман фиристодаам». 21  Он гоҳ Петрус назди он одамон фаромада, гуфт: «Ҳамон касе, ки шумо кофта истодаед, манам. Ягон кор доштед?» 22  Онҳо гуфтанд: «Худо ба воситаи фариштаи покаш ба Корнилюси+ мирисад, ки одами росткору худотарс ва дар байни тамоми халқи Яҳудо некном аст, амр дод, ки кас фиристода, туро ба хонааш орад ва суханонеро, ки ту мегӯӣ, шунавад». 23  Он гоҳ Петрус онҳоро ба хона таклиф намуда, меҳмондорӣ кард. Рӯзи дигар ӯ бархеста, бо онҳо ба роҳ баромад ва баъзе бародарон аз Ёфо ҳамроҳи ӯ рафтанд. 24  Фардои он рӯз Петрус ба Қайсария омад. Корнилюс бошад, хешу табор ва дӯстони наздикашро ҷамъ карда, омадани онҳоро интизор буд. 25  Ҳамин ки Петрус омад, Корнилюс ӯро пешвоз гирифт ва зону зада, ба ӯ таъзим кард. 26  Аммо Петрус ӯро аз ҷояш хезонда, гуфт: «Бархез, ман ҳам мисли ту як одамам».+ 27  Вақте ки онҳо суҳбаткунон ба хона даромаданд, ӯ дид, ки дар он ҷо одами бисёре ҷамъ шудааст. 28  Петрус ба онҳо гуфт: «Шумо хуб медонед, ки барои яҳудӣ бо касе, ки аз халқи дигар аст, сарукор доштан ё ба вай наздик шудан раво нест.+ Аммо Худо ба ман нишон дод, ки ман набояд касеро ҳаром ё нопок шуморам.+ 29  Барои ҳамин, вақте барои овардани ман кас фиристоданд, “не” нагуфта омадам. Акнун бигӯед, ки барои чӣ маро даъват кардед». 30  Корнилюс дар ҷавоб гуфт: «Чор рӯз пеш, айнан дар ҳамин вақт, яъне соатҳои сеи рӯз*, ман дар хонаи худ дуо мегуфтам ки, ногаҳон шахсе бо либоси дурахшон дар пешам пайдо шуда, 31  гуфт: “Эй Корнилюс, дуои ту мустаҷоб гашт ва Худо хайру садақоти туро дар хотир дорад. 32  Бинобар ин ба Ёфо кас фиристода, Шимъӯнро, ки ҳамчунин Петрус ном дорад, даъват намо. Ӯ дар хонаи Шимъӯни чармгар, ки дар назди баҳр зиндагӣ мекунад, меҳмон аст”.+ 33  Он гоҳ дарҳол назди ту кас фиристодам ва ту ба ин ҷо қадам ранҷа кардӣ. Ҳоло бошад, ҳамаи мо дар ҳузури Худо ҷамъ омадаем, то ҳар он чиро, ки Яҳува ба ту амр фармудааст, шунавем». 34  Он гоҳ Петрус суханашро сар карда гуфт: «Акнун ман фаҳмидам, ки Худо ҳамаро бо як чашм мебинад,+ 35  ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст.+ 36  Ӯ ба писарони Исроил хушхабари сулҳу осоиштагиро+ фиристод, ки ба воситаи Исои Масеҳ — Сарвари ҳамагон, дастрас гашт.+ 37  Шумо медонед, ки, баъди он ки Яҳё дар бораи таъмид* сухан гуфт, одамон аз Ҷалил+ сар карда то саросари Яҳудия дар бораи чӣ гап мезаданд. 38  Одамон дар бораи он гап мезаданд, ки чӣ тавр Худо Исои носириро бо рӯҳи муқаддас тадҳин кард*+ ва ба ӯ қудрат дод. Онҳо боз мегуфтанд, ки ӯ дар тамоми сарзамин гашта, некӣ мекарду ҳамаи онҳоеро, ки дар банди Иблис буданд, шифо медод,+ зеро Худо бо ӯ буд.+ 39  Мо худамон шоҳиди ҳамаи корҳое ҳастем, ки ӯ дар мамлакати яҳудиён ва дар Ерусалим карда буд, аммо ин мардум ӯро ба сутун* овехта куштанд. 40  Вале Худо ӯро дар рӯзи сеюм зинда кард+ ва роҳ дод, ки ӯ ба одамон намудор шавад, 41  аммо на ба ҳама, балки танҳо ба шоҳидоне, ки Худо пешакӣ таъйин карда буд, яъне ба мо, ки баъд аз зинда шуданаш бо ӯ хӯрда ва нӯшида будем.+ 42  Ҳамчунин ӯ ба мо фармуд, ки ба одамон хабар дода, як ба як шаҳодат диҳем,+ ки ин ҳамон касест, ки Худо ӯро довари зиндагону мурдагон гардондааст.+ 43  Ҳамаи пайғамбарон дар бораи ӯ шаҳодат медоданд+ ва мегуфтанд, ки ҳар касе ба ӯ имон орад, ба воситаи номи ӯ гуноҳҳояш бахшида мешавад».+ 44  Петрус ҳанӯз гапашро тамом накарда, бар ҳамаи шунавандагони калом Худо рӯҳи муқаддасашро рехт.+ 45  Имондорони хатнашудае*, ки бо Петрус омада буданд, аз дидани он ки рӯҳи муқаддас ба халқҳои дигар низ ато шуд, ба ҳайрат омаданд. 46  Ин одамон шуниданд, ки онҳо ба забонҳои дигар гап мезананд ва Худоро ситоиш мекунанд.+ Он гоҳ Петрус гуфт: 47  «Онҳо ки мисли мо рӯҳи муқаддас гирифта бошанд, чаро дар об таъмид ҳам нагиранд?+ Кӣ ҳақ дорад пеши роҳи онҳоро бигирад?» 48  Аз ин рӯ ӯ ба онҳо фармуд, ки ба номи Исои Масеҳ таъмид гиранд.+ Баъди ин онҳо аз ӯ хоҳиш карданд, ки якчанд рӯзи дигар дар наздашон бимонад.

Поварақҳо

Дар лашкари Рум як даста аз 600 сарбоз иборат буд.
Дар матни асл «тақрибан соати нуҳум [пас аз баромадани офтоб]».
Дар матни асл «тақрибан соати шашум [пас аз баромадани офтоб]».
Дар матни асл «як навъ зарфе».
Дар матни асл «зарф».
Дар матни асл «соати нуҳум [пас аз баромадани офтоб]».
Таъмид — ниг. ба луғат.
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Ё «дарахт».
Ё «Мардони содиқе».