Гузаштан ба маводи асосӣ

Хушхабар дар фестивали халқҳои таҳҷоии Амрико (Ню-Йорк)

Хушхабар дар фестивали халқҳои таҳҷоии Амрико (Ню-Йорк)

Бисёр одамон гумон мекунанд, ки намояндагони халқҳои таҳҷоии Амрико асосан дар ҷойҳои махсусе, ки барои аҳолии таҳҷоӣ дар қишлоқҳои Иёлоти Муттаҳида ҷудо карда шудааст, зиндагӣ мекунанд. Лекин беш аз 70 фоизи онҳо дар шаҳр зиндагӣ мекунанд. Дар шаҳри калонтарини ИМА, Ню-Йорк, аз 5 то 7-уми июни с. 2015 чорабиние ба номи «Олами маданияти халқҳо» гузашт, ки дар он фестивали халқҳои таҳҷоии Амрико ва пау-вау * баргузор гардид. Вақте баъзе Шоҳидони маҳаллӣ дар бораи ин чорабинӣ фаҳмиданд, дарҳол мақсад монданд, ки дар он иштирок мекунанд. Барои чӣ?

Адабиёти Шоҳидони Яҳува ба садҳо забон тарҷума мешавад, аз он ҷумла ба забони халқҳои таҳҷоии Амрико, масалан блэкфут, дакота, хопи, могавк, навахо, оттава ва кри (даштӣ). Барои ҳамин Шоҳидони Яҳува аз фурсат истифода бурда дар ин фестивал бо мизҳои зебо ва аробачаҳои адабиётдор истоданд. Дар байни адабиётҳое, ки онҳо пешкаш мекарданд, рисолаи «Ту ба Офаридгор боварӣ карда метавонӣ!» буд.

Дар вебсайти расмии мо ба он забонҳое, ки дар боло гуфтем аудио ва видеонаворҳо ҳастанд. Дар фестивал Шоҳидони Яҳува бисёри ин видеонаворҳоро ба шахсони шавқманд ба забони модариашон нишон доданд. Ин одамон гуфтанд, ки бисёр стендҳову навиштаҷотҳои дигар ва баромадҳо танҳо ба забони англисӣ ва ё испанӣ буданд.

Бисёр касоне ки ба ин фестивал омаданд, на танҳо аз он ҳайрон шуданд, ки мо ба бисёр забонҳои халқҳои таҳҷоии Амрико адабиёт тарҷума мекунем, балки дар шаҳрҳо ва ҷойҳои барои аҳолии таҳҷоӣ ҷудошуда низ мавъиза мекунем. Як корманди фестивал дар бораи фаъолияти мо фаҳмида хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш омӯзиш гузаронанд. Вай гуфт: «Ман шуморо бесаброна интизор мешавам, то ки дар бораи Китоби Муқаддас бисёртар фаҳмам!»

Ба назди яке аз мизҳо ҳамсарони ношунаво омаданд, азбаски Шоҳидон забони имову ишораро намедонистанд ба онҳо кӯмак карда натавонистанд. Вале дар он лаҳза хоҳаре, ки забони имову ишораро медонист, ба назди онҳо омад. Сӯҳбати онҳо ним соат давом кард. Хоҳар ба онҳо гуфт, ки ба қарибӣ дар маҳаллашон ба забони имову ишора анҷуман баргузор мегардад.

Беш аз 50 Шоҳиди Яҳува дар ин фестивал мавъиза карданд. Дар муддати се рӯз онҳо зиёда аз 150 адабиёту рисоларо паҳн намуданд.

^ сарх. 2 Ба гуфти антрополог Уилям Пауэрз, имрӯз пау-вау «ин як чорабиние мебошад, ки дар он мардону занон ва кӯдакон ҷамъ мешаванд, то якҷоя суруд хонанд ва рақс кунанд» (Ethnomusicology. Сентябри 1968, саҳ. 354).