Саёҳат дар қаъри баҳр
Дар Баҳри Шимолӣ, дар наздикии соҳили ғарбии замини Олмон, Шлезвиг-Голштейн, ҷазираҳои хурде бо номи Ҳаллиген ҷойгир шудаанд. Дар он ҷо қариб 300 кас зиндагӣ мекунад. Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува ба ин ҷойҳо хушхабари Худоро мерасонанд? (Матто 24:14).
Ба баъзе ҷазираҳои Ҳаллиген Шоҳидони Яҳува бо киштӣ мераванд. Лекин барои ба дигар ҷазираҳои он рафтан тарзи ғайриодиро истифода мебаранд. Онҳо қариб 5 километр аз қаҳри баҳр пиёда мегузаранд. Ин чӣ тавр имконпазир аст?
Мӯъҷизаи табиат!
Вақте ки обҳои баҳр аз соҳил дур мешаванд, онҳо аз ин мӯъҷиза истифода мебаранд. Дар ҳар шаш соат сатҳи обҳои Баҳри Шимолӣ дар минтақаи ҷазираҳои Ҳаллиген қариб 3 метр баланд ё паст мешавад. Дар ин ҳангом об аз соҳил дур мешавад ва Шоҳидони Яҳува бемалол ба се ҷазира пиёда рафта метавонанд.
Онҳо аз баҳр чӣ хел мегузаранд? Улрих, роҳбалади таҷрибадоре, ки гурӯҳро сафарбар мекунад, чунин мегӯяд: «Барои ба яке аз ҷазираҳои Ҳаллиген расидан ду соат вақт меравад. Асосан мо пойлуч роҳ мегардем, чунки ин тавр аз баҳр гузаштан қулайтар аст. Дар ҳавои хунук бошад, мо мӯза мепӯшем».
Ҳангоми аз қаъри баҳр гузаштан манзараи аҷоиб ба назар мерасад. Улрих мегӯяд: «Одам гӯё ки дар сайёраи дигар сайру гашт мекарда бошад. Баъзе ҷойҳои баҳр лойқа, баъзе ҷойҳояш санглох ё обсабзҳо дорад. Селаи паррандагону харчангҳои баҳрӣ ва дигар ҷонварон ба назар мерасанд». Аз сабаби аз соҳил дур шудани об, кӯлмакҳое пайдо мешаванд, ки онро дар Олмон Priele (приели) меноманд. Баъзан ба ин гурӯҳи Шоҳидон лозим меояд, ки аз чунин ҷойҳо гузаранд.
Онҳое ки аз қаъри баҳр мегузаранд, бо душвориҳо дучор мешаванд. Улрих мефаҳмонад: «Одам тез раҳгум зада метавонад. Хусусан агар ҳаво туман бошад. Барои ҳамин мо қутбнамо ва GPS-ро истифода мебарем. Ин ба мо ёрдам мекунад, ки аз рӯи як реҷа равона шавему бо баландшавии об рӯ ба рӯ нашавем».
Оё саёҳати онҳо ба ин қадар ҷонканиҳо меарзад? Улрих дар бораи марди 90 солае нақл кард, ки доимо маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро мехонад. Ӯ мегӯяд: «Як рӯз мо тамоман вақт надоштем, ки ин мардро хабар гирем. Пеш аз рафтанамон он мард бо велосипеди худ ба назди мо омада гуфт: “Шумо ба ман “Бурҷи дидбонӣ”-амро надода рафтаниед?” Албатта, мо бо хурсандӣ ба вай маҷалларо додем!»