Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?

Таҷҳизоти хурде, ки имонро мустаҳкам мекунад

Таҷҳизоти хурде, ки имонро мустаҳкам мекунад

1 СЕНТЯБРИ 2020

 Имрӯз Шоҳидони Яҳува аз ҳарвақта дида ғизои рӯҳониро бештар дар намуди электронӣ мегиранд. Лекин дар бисёр минтақаҳо бародарону хоҳарон барои харидани интернет пул надоранд. Дар дигар ҷойҳо бошад, суръати интернет суст аст, алоқа тез-тез канда мешавад ё он умуман дастрас нест.

 Нигоҳ накарда ба ин бисёр бародарону хоҳарон адабиёти электрониро бе интернет боргирӣ карда метавонанд. Чӣ хел?

 Дар ин кор ба онҳо JW Box ёрдам мекунад. Он ба ҷамоатҳое фиристода мешавад, ки интернет надоранд. Барои омода кардани ин таҷҳизот бародарон аз як ширкати тиҷоратӣ Wi-Fi роутер хариданд ва дар он барномаеро часпонданд, ки Шуъбаи компютерӣ дар Байт-Ил тайёр карда буд. Ҳамчунин бо JW Box флешкаеро мефиристанд, ки дар он видеонаворҳо ва адабиёти мо пешакӣ боргирӣ шудаанд. Нархи ҳар як JW Box тақрибан 75 долларро ташкил медиҳад.

 Дар Ибодатгоҳ бародарону хоҳарон ба воситаи Wi-Fi ба JW Box пайваст шуда, адабиёт ва видеоҳоро боргирӣ мекунанд. Ҳатто касоне, ки телефонашон куҳна аст, ба JW Box пайваст шуда метавонанд. Агар дар ҷамоат интернет набошад, пас чӣ тавр адабиёт ва видеоҳои навро ба JW Box мемонанд? Филиал вақт аз вақт дар флешкаҳо маводи навро аз сайти jw.org боргирӣ карда, мефиристад. Нархи ҳар як USB-флешка тахминан 4 доллар мебошад.

 Чӣ тавр JW Box ба ҳамимонон ёрдам мекунад? Нейтан Адруандра, падаре, ки дар Ҷумҳурии Демократии Конго зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Ман аз боргирӣ кардани драмаи “Эй Яҳува... ба Ту такя мекунам” ва “Зани Лутро ба хотир оред” монда шудам. Муддати дурудароз кӯшиш кардам, лекин натавонистам ва аз ин рӯҳафтода гаштам. Ҳозир бошад, ман бемалол ин видеоҳоро боргирӣ мекунам ва ин ба мо кумак мерасонад, ки фарзандонамонро беҳтар таълим диҳем».

 Бародаре, ки ба ҷамоатҳои Нигерия барои шинондани JW Box ёрдам мекунад, чунин мегӯяд: «Ҳамимонон JW Box-ро туҳфаи махсуси Яҳува меҳисобанд. Онҳо хеле хурсанданд, ки ҳоло ба осонӣ метавонанд, адабиёт ва видеоҳоро аз Маводи таълимӣ боргирӣ кунанд».

 Аллакай беш аз 1700 JW Box бо флешка ба бародарону хоҳарони Африқо, Уқёнусия ва Амрикои Ҷанубӣ фиристода шуд. Ташкилот мехоҳад, боз ба шумораи бештари ҷамоатҳо онро фиристад. Хароҷоти он аз куҷо рӯпӯш мегардад? Аз ҳисоби хайрияҳое, ки ба кори умумиҷаҳонӣ, ба воситаи donate.isa4310.com карда мешаванд. Ҳазор раҳмат барои саховатмандиатон!