Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

JenkoAtaman/stock.adobe.com

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Соли 2023 бароятон умедбахш буда метавонад. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Соли 2023 бароятон умедбахш буда метавонад. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Ҳоло ки соли 2023 сар шуд, ҳамаи мо мехоҳем, ки дар ин сол бо мову наздиконамон чизҳои хуб рӯй диҳанд. Чаро мо ба оянда бо чашми умед нигоҳ карда метавонем?

Китоби Муқаддас умед мебахшад

 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки душвориҳое, ки ҳоло рӯ ба рӯ мешавем, муваққатиянд ва ба қарибӣ ҳалли худро меёбанд. Дар ҳақиқат, Китоби Муқаддас «барои таълими мо навишта шудааст, то ба воситаи... тасаллие, ки аз Навиштаҳо меёбем, умедвор бошем» (Румиён 15:4).

Умеде, ки аллакай имрӯз ба шумо кумак мекунад

 Умеде, ки Китоби Муқаддас мебахшад, барои ҳаёти мо мисли «лангари мустаҳкаму устувор» аст (Ибриён 6:19). Ин умед моро устувор нигоҳ медорад. Он кумак мекунад, ки ба душвориҳоямон тоб орем, некбин бошем ва хушбахтии бардавомро ёбем. Масалан:

  •   Фаҳмед, ки чӣ тавр умед аз Китоби Муқаддас ба марде, ки бо нашъамандӣ мубориза мебурд, ёрдам кард. Видеонавори «Аз ин гуна ҳаёт безор шудам»-ро тамошо кунед.

  •   Бинед, ки чӣ тавр умед аз Китоби Муқаддас ҳангоми аз даст додани наздиконамон кумак карда метавонад. Видеонавори «Тасаллӣ ба мотамзадагон»-ро тамошо кунед.

Умедатонро қавӣ созед

 Бисёриҳо муроду мақсади хуб доранд, лекин дилпур нестанд, ки ин орзуҳояшон ягон вақт ҷомаи амал мепӯшанд. Аммо барои чӣ мо дилпурем, ки ваъдаҳои Китоби Муқаддас иҷро мешаванд? Барои он ки ин ваъдаҳоро худи Парвардигор Яҳува a додааст, Худое, ки «наметавонад дурӯғ гӯяд» (Титус 1:2). Танҳо Яҳува қудрат дорад, ки ба ваъдаҳояш вафо кунад; ӯ «ҳар чӣ бихоҳад, мекунад» (Забур 135:5, 6).

 Мо шуморо даъват мекунем, ки аз умеди боварибахши Китоби Муқаддас барои худ манфиат гиред. Вақте «Навиштаҳоро бодиққат» меомӯзед, бовариятон ба иҷро шудани ин ваъдаҳо қавӣ мегардад (Корнома 17:11). Бо курси бепули омӯзиши Китоби Муқаддас, ки бо муаллим мегузарад, шинос шавед. Соли 2023-ро бо умеду орзуҳои нек сар кунед!

a Яҳува номи Худо мебошад (Забур 83:18).