Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Чаро сиёсатмадорон байни одамон ҷудоӣ меандозанд? Китоби Муқаддас дар бораи чӣ мегӯяд?

Чаро сиёсатмадорон байни одамон ҷудоӣ меандозанд? Китоби Муқаддас дар бораи чӣ мегӯяд?

 Сиёсат дар бисёр давлатҳои ҷаҳон тухми ҷудоӣ коштааст. Мувофиқи маълумоти як маркази тадқиқотӣ дар соли 2022, «дар 19 давлате, ки он ҷо раъйпурсӣ гузаронда шуд, 65 фоизи калонсолон мегӯянд, ки дар мамлакаташон байни одамоне, ки ҳизбҳои гуногуни сиёсиро дастгирӣ мекунанд, нофаҳмиҳои ҷиддӣ ё беҳад ҷиддӣ вуҷуд доранд».

 Оё шумо дар ҷойи зисти худ ин чизро пай мебаред? Чаро чунин душворӣ вуҷуд дорад? Оё роҳи ҳалли он ҳаст? Биёед бинем, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд.

Рафторе, ки одамонро ҷудо мекунад

 Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки дар замони мо, яъне дар «рӯзҳои охир», аз сабаби рафтори бисёр одамон нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ душвор мегардад.

  •   «Дар рӯзҳои охир замонҳои сахт фаро мерасанд, зеро одамон худбин... номуросо» мешаванд (2 Тимотиюс 3:1–3).

 Ҳарчанд бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳукуматдорон самаранок кор кунанд, ин чиз рӯй надода истодааст. Барои одамоне, ки ақидаҳои гуногун доранд, бо ҳам забон ёфта якҷоя мушкилиҳоро ҳал намудан душвор ва ё ҳатто ғайриимкон метобад. Дар натиҷа чизе рӯй медиҳад, ки дар Китоби Муқаддас чанд ҳазор сол пеш гуфта шуда буд.

  •   «Одам ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад» (Пандгӯ 8:9).

 Лекин дар Китоби Муқаддас ҳамчунин дар бораи ҳалли ин мушкилӣ гуфта шудааст: онро ҳокимияте ҳал карда метавонад, ки роҳбараш душвориҳоеро, ки имрӯз сабаби ранҷу азоби одамон гаштаанд, несту нобуд мекунад.

Роҳбари ғамхор

 Китоби Муқаддас роҳбареро, ки аз уҳдаи ин кор сад фоиз баромада метавонад, муайян месозад — ин Исои Масеҳ аст. Исо қудрат, ҳокимият ва хоҳиш дорад, ки дар байни одамизод сулҳу ягонагиро барпо созад.

  •   «Дар рӯзҳои ӯ росткор нашъунамо меёбад ва... осоиштагӣ фаровон мешавад» (Забур 72:7).

  •   «Ҳамаи халқҳо ба ӯ хизмат хоҳанд намуд» (Забур 72:11).

 Исо роҳбари мувофиқ аст, чунки ӯ ба одамон ғамхорӣ мекунад ва ба онҳо ёрдам додан мехоҳад, хусусан ба касоне, ки аз беадолатӣ зарар дидаанд.

  •   «Ӯ бечораеро, ки нола мекунад ва бенавову бепуштупаноҳро халосӣ хоҳад дод. Ба камбағалу бечора раҳм хоҳад кард ва ҷони мискинро наҷот хоҳад дод. Онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард, хунашон дар назари ӯ гаронбаҳо хоҳад буд» (Забур 72:12–14).

 Дар бораи Подшоҳии Худо, яъне ҳукумате, ки роҳбараш Исои Масеҳ мебошад, маълумоти бештар гиред. Фаҳмед, ки чӣ тавр ҳукмронии ӯ ба шумо манфиат оварда метавонад.