Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё маълумоти олӣ ва пул кафолати ояндаи дурахшон буда метавонанд?

Оё маълумоти олӣ ва пул кафолати ояндаи дурахшон буда метавонанд?

Ба ақидаи бисёр одамон ояндаи онҳое, ки соҳибмаълумоту боянд, дурахшон аст. Онҳо мегӯянд, ки агар шахс соҳиби маълумот шавад, коргар, узви оила ва шаҳрванди хуб мегардад. Чунин одамон боварӣ доранд, ки маълумоти хуб гирӣ, соҳиби кори сермаош мегардӣ ва, дар натиҷа, пулдор шуда хушбахт мешавӣ.

БА БИСЁРИҲО МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ОЯНДАИ ДУРАХШОН МЕНАМОЯД

Аҳамият диҳед, Жанг Чен, ки аз Хитой аст, дар ин бора чӣ мегӯяд: «Ман бовар доштам, ки маълумоти олӣ гирам, аз чанголи камбизоатӣ халос мешавам ва кори сердаромад ёфта, ҳаётам хушбахту осуда мегардад».

Барои соҳиби ояндаи осуда шудан бисёр одамон мақсад мемонанд, ки дар донишгоҳҳои машҳур, ҳатто дар дигар давлат, таҳсил кунанд. Пеш аз вабои COVID-19, ки парвозҳои байналмилалиро номумкин гардонд, бисёр одамон чунин мақсад доштанд. Ҷолиб аст, ки соли 2012 Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд таҳқиқ карда маълум сохт, ки қариб аз ним зиёди донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, аз Осиё мебошанд.

Падару модар аксар вақт шабу рӯз кор мекунанд, то фарзандашон дар дигар давлат хонад. Чешианг, ки аз Тайван аст, мегӯяд: «Волидони ман пулдор набуданд, бо вуҷуди ин ҳар чор фарзандашонро ба Иёлоти Муттаҳида ба коллеҷ фиристоданд». Барои супоридани маблағи таҳсил, волидони Чешианг, мисли дигарон, маҷбур шуданд, ки қарзу қавола кунанд.

ОЁ МАЪЛУМОТ КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ОРОМУ ХУШБАХТ АСТ?

Бисёр касоне, ки дар пайи маълумоти олӣ ва боигарӣ буданд, дилшикаста гаштаанд

Рост аст, ки маълумот аз ҷиҳате ҳаёти шахсро беҳтар мегардонад, вале он на ҳама вақт натиҷаи дилхоҳ меорад. Мисол, баъди солҳои зиёди меҳнати пурмашаққат ва қарзгирӣ бисёр хатмкунандагон кори дилхоҳашонро намеёбанд. Рӯзноманигор Рейчел Муи дар як рӯзномаи иқтисодии Сингапур чунин гуфтааст: «Шумораи онҳое, ки маълумот гирифтаанду бекоранд, зиёдтар мегардад» («Business Times»). Инчунин доктори илмҳо Ҷианҷӣ аз Тайван қайд мекунад: «Бисёр хатмкунандагон маҷбур мешаванд, ки дар соҳае кор кунанд, ки ба ихтисосашон тамоман дахл надорад».

Ба ҳар ҳол онҳое, ки аз рӯйи ихтисосашон кор ёфтаанд, иқрор мешаванд, ки ба муроду мақсадашон нарасиданд. Масалан, Ниран баъди хатми донишгоҳ дар Бритониё ба ватанаш Тайланд баргашта аз рӯйи ихтисосаш кор ёфт. Ӯ мегӯяд: «Чи хеле мехостам, ба туфайли маълумотам соҳиби кори сердаромад шудам. Лекин кори сердаромад вақту қуввати зиёдамро мегирифт. Ниҳоят корхонаамон сафи коргаронро кам намуд ва маро аз кор холӣ карданд. Ман фаҳмидам, ки ягон кор кафолати ояндаи хушбахт буда наметавонад».

Ногуфта намонад, ки ҳатто касони пулдор дар оила мушкилӣ доранд, саломатиашон бад аст ва то ҳол аз ҷиҳати моддӣ дар изтиробанд. Катсутошии ҷопонӣ иқрор мешавад: «Ман аз ҷиҳати моддӣ камӣ надоштам, вале аз рақобат, ҳасад ва ҷангу ҷанҷол безор шуда будам». Лам ном зане аз Ветнам мегӯяд: «Бисёр одамон фикр мекунанд, ки кори сердаромад ёбанд, ҳаёташон орому осуда мегардад, вале, баръакс, онҳо бештар ташвиш мекашанд, саломатиашонро аз даст медиҳанд ва ба депрессия гирифтор мешаванд».

Мисли Франклин бисёр одамон ба хулоса омаданд, ки аз маълумоти олӣ ва пул дида дар ҳаёт чизи муҳимтаре ҳаст. Бинобар ин, чунин одамон ба ҷойи диққатро ба чизҳои моддӣ равона кардан ояндаи дурахшонро дар инсони хуб шуда ба дигарон некӣ кардан мебинанд. Лекин оё барои ояндаи хушбахтро ба даст овардан танҳо шахси хуб шудан басанда аст? Ҷавоби ин саволро аз мақолаи навбатӣ меёбед.