Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба ғаму азоб кӣ айбдор аст?

Ба ғаму азоб кӣ айбдор аст?

Агар ба ғаму азоб Худо ҷавобгар набошад, пас, сабаби гушнагӣ, қашшоқӣ, ҷангҳо, беморию офатҳои табииро чӣ тавр фаҳмондан мумкин? Дар Каломи Худо, Китоби Муқаддас, се сабаби асосӣ оварда шудааст:

  1. Худбинӣ, чашмгуруснагӣ ва нафрат. «Одам ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад» (Пандгӯ 8:9). Ин маънои онро дорад, ки одамон бисёр вақт аз нокомилӣ, худбинӣ ва бераҳмии дигарон азоб мекашанд.

  2. Замону воқеаҳои ғайричашмдошт. Сабаби дигари азоб кашидани одамон «замони баду воқеаҳои ногаҳонӣ» мебошад (Пандгӯ 9:11). Яъне, одамон аз сабаби дар вақту ҷойи номувофиқ будан, ҳодисаҳои нохуш ё аз беэҳтиётӣ ва хатои худ ва дигарон бо бадбахтиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

  3. Ҳокими бераҳми ин ҷаҳон. Дар Китоби Муқаддас сабаби асосии азоби одамизод аниқ гуфта шудааст. Мо мехонем: «Тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис аст» (1 Юҳанно 5:19). Офаридаи пурқудрати рӯҳӣ, Шайтон Иблис, дар аввал фариштаи Худованд буд, лекин баъд вай «дар ростӣ устувор намонд» (Юҳанно 8:44). Сипас Шайтон баъзе фариштаҳоро аз паси худ бурд ва онҳо барои ба амал овардани хоҳишҳои худбинонаашон бар зидди Худованд исён бардоштанд ва ҳамин тавр девҳо ном гирифтанд (1 Мӯсо 6:1–5). Аз ҳамон вақт инҷониб Шайтон ва девҳои ӯ ҷаҳонро бераҳмона идора мекунанд. Инро маҳз дар рӯзҳои мо баръало дидан мумкин аст. Ҳозир Шайтон пур аз қаҳру ғазаб аст ва «тамоми дунёро гумроҳ мекунад», аз ин сабаб аҳволи замин хароб аст (Ошкорсозӣ 12:9, 12). Бале, Шайтон ҳокими бераҳм аст. Ӯ азоби одамонро дида лаззат мебарад. Ба дарду азоби одамон Худо не, балки Шайтон сабабгор аст.

АҲАМИЯТ ДИҲЕД: Танҳо шахси бераҳм ва сангдил одамони бегуноҳро ба дарду азоб гирифтор мекунад. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8). Аз Худои пур аз муҳаббат «ҳеҷ гоҳ... бадӣ сар намезанад ва ҳаргиз аз Худои Тавоно ноинсофӣ барнамеояд» (Айюб 34:10).

Лекин саволе ба миён меояд: «Худои Қодир ба Шайтони золим то ба кай роҳ медиҳад, ки ҳукмрониашро давом диҳад?» Чи хеле фаҳмидем, Худованд аз бадӣ нафрат дорад ва азоб кашидани одамонро дидан барояш дардовар аст. Ғайр аз ин, Китоби Муқаддас моро даъват мекунад: «Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7). Офаридгор моро дӯст медорад ва ӯ қудрат дорад, ки тамоми азобу уқубат ва беадолатиро бартараф кунад. Дар ин бора аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем *.

^ сарх. 7 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи он ки чаро дар ҷаҳон ранҷу азоб бисёр аст, ба дарси 26-уми китоби «То абад зинда бошед!» нигаред. Он аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр гаштааст ва дар сомонаи www.isa4310.com дастрас мебошад.