Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Вақте ҳаёт тоқатшикан менамояд

Вақте ҳаёт тоқатшикан менамояд

АГАР дар зиндагӣ мушкилӣ набошад, ҳаёт ширин аст. Лекин агар аз пушти мушкилиҳо ҷон ба лаб ояд-чӣ?

Мисоли Салли a ном занеро мегирем, ки аз Иёлоти Муттаҳида аст. Ӯ дар натиҷаи тӯфон қариб ҳамаи дороияшро аз даст дод. Салли мегӯяд: «Ман ҳис кардам, ки дигар тоқати бардошт кардан надорам. Фикр кардам, ки охиру оқибат тоқатам тоқ мешавад».

Агар шахси наздикамонро аз даст диҳем-чӣ? Ҷенис ном зане аз Австралия мегӯяд: «Вақте ҳар ду писарам вафот карданд, ҳаётам садпора гашт; ман бояд кӯшиш карда пораҳои онро ҷамъ меовардам. Аз Яҳува илтиҷо мекардам: “Илтимос, дилам дигар ин дардро бардошт намекунад! Бигзор ман ба хоби марг равам ва дигар нахезам”».

Дениел бошад, дарди хиёнатро аз сар гузарондааст. Ӯ мегӯяд: «Вақте занам иқрор шуд, ки ба ман хиёнат кард, ба дилам гӯё корд зад. Ман зарбаҳои ин кордро гаштаву баргашта, давоми якчанд моҳ, ҳис мекардам».

Дар ин нашри «Бурҷи дидбонӣ» дида мебароем, ки новобаста ба вазъиятҳои зерин зиндагӣ кардан меарзад:

Дар аввал биёед фаҳмем, ки ҳангоми сар задани офати табиӣ чӣ тавр истодагӣ кунем.

a Баъзе номҳо дар ин силсиламақола иваз шудаанд.