Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр ба шахсе, ки бемории равонӣ дорад, кумак расонем?

Чӣ тавр ба шахсе, ки бемории равонӣ дорад, кумак расонем?

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст» (ПАНДНОМА 17:17).

Ин чӣ маъно дорад?

Вақте шахси наздикамон аз бемории равонӣ азоб мекашад, шояд, мо худамонро гум карда, чӣ кор карданамонро надонем. Лекин бисёр роҳҳое ҳастанд, ки муҳаббатамонро ба ӯ нишон дода метавонем.

Чӣ ёрдам мекунад?

«Дар шунидан бошитоб [бошед]» (ЯЪҚУБ 1:19).

Яке аз роҳҳои беҳтарин ин гӯш кардани шахси наздикамон мебошад. Ҳамзамон дар ёд доред, ки ба ҳар сухани ӯ чизе гуфтан шарт нест. Муҳимаш ӯ ҳис кунад, ки касе суханонашро бодиққат гӯш мекунад ва ҳамдардӣ менамояд. Кӯшиш кунед, ки дарди дилашро фаҳмед ва ягон зарра ӯро ҳукм накунед. Фаромӯш накунед, ки ӯ фикр накарда суханонеро гуфта метавонад, ки баъд пушаймон мешавад (Айюб 6:2, 3).

«Рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед» (1 ТАСЛӮНИКИЁН 5:14).

Шояд, дӯсти наздики шумо бо ҳисси хавотирӣ мубориза барад ва ё худро беқадру ночиз ҳис кунад. Агар дар ин ҳолат чӣ гуфтанатонро надонед, нишон диҳед, ки ӯ барои шумо азиз аст ва ин ӯро тасаллӣ дода метавонад.

«Дӯст ҳама вақт дӯст медорад» (ПАНДНОМА 17:17).

Ба дӯстатон кумаки худро пешкаш кунед. Фикр накунед, ки чӣ хел ёрдам карданро медонед, беҳтараш аз ӯ пурсед. Агар ӯ надонад, ки чӣ мехоҳад, пешниҳод кунед, ки ягон корро дукаса иҷро намоед, масалан, ба сайругашт равед. Ғайр аз ин, шумо метавонед харид ё рӯбучин кунед ва ё боз дар ягон кори дигар кумак расонед (Ғалотиён 6:2).

«Пуртоқат бошед» (1 ТАСЛӮНИКИЁН 5:14).

Шояд, шахси наздикатон на ҳама вақт ба суҳбат кардан майлу хоҳиш дорад. Ба ӯ гӯед, ки кадом вақте хоҳад, шумо бо хурсандӣ ӯро гӯш карда метавонед. Аз сабаби беморӣ ӯ метавонад сухане гӯяд ё коре кунад, ки ба одам сахт расад. Масалан, ӯ метавонад нақшаи якҷоя кашидаатонро рад кунад ё ногаҳон табъаш хира шавад. Дар чунин ҳолат пурсабр бошед ва фаҳмиш зоҳир кунед (Панднома 18:24).

Кумаки шумо бебаҳост

«Ман кӯшиш мекунам, ки ба дугонаам дӯсти боваринок бошам. Албатта, ман ҳама душвориҳои ӯро ҳал карда наметавонам, лекин ҳаракат мекунам, ки бодиққат ӯро гӯш кунам. Баъзан барои сабук шудан ба вай даркор аст, ки ба касе дарди дил кунад» (Фэрра a, ки дугонааш аз вайроншавии реҷаи хӯрокхӯрӣ, ҳисси хавотирӣ ва депрессия азоб мекашад).

«Ман дугонае дорам, ки ҳама вақт дилкушоду хушчақчақ аст ва маро рӯҳбаланд мекунад. Боре вай маро ба меҳмонӣ даъват карду хӯроки бомаза пухт. Ман меҳру муҳаббати ӯро ҳис карда, хостам, ки диламро ба ӯ холӣ кунам. Ин чиз моро сахт дастгирӣ кард!» (Ха Ин, ки депрессия дорад).

«Бе пуртоқатӣ намешавад. Вақте занам бо ягон кораш маро зиқ мекунад, ман ба худ ёдрас мекунам, ки ин айби ӯ неву айби беморияш аст. Ин ба ман ёрдам мекунад, ки асабонӣ нашавам ва ба ҳиссиёту ниёзҳои занам бодиққат бошам» (Ҷейкоб, ки занаш аз бемории депрессия азоб мекашад).

«Зани ман ҳама вақт тайёр аст, ки маро дастгирӣ карда, тасаллӣ диҳад. Вақте ҳисси хавотирӣ маро азоб медиҳад, занам ҳеҷ гоҳ маро ба кардани ягон кор маҷбур намекунад. Баъзан барои ман шуда вай аз кори мехостагиаш даст мекашад. Зани ман тиллост, вай дасткушоду фидокор мебошад» (Энрико, ки аз ҳисси хавотирӣ азоб мекашад).

a Баъзе номҳо иваз шудаанд.