Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Иродаи Худо чист?

Иродаи Худо чист?

Худо мехоҳад, ки мо дар сулҳу оромӣ ва хушбахтона дар биҳишти рӯи замин абадан зиндагӣ кунем!

Лекин шояд шумо ҳайрон шуда гӯед, ки «Магар чунин шуданаш мумкин аст?» Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад, ки Подшоҳии Худо инро ба амал меорад. Иродаи Худо дар он аст, ки ҳамаи одамон дар бораи он Подшоҳӣ ва ниятҳое, ки Ӯ нисбати мо дорад, фаҳманд (Забур 36:11, 29; Ишаъё 9:7).

Худо мехоҳад, ки мо ба худамон фоида бирасонем.

Мисли падари меҳрубон, ки ба фарзандонаш чизҳои беҳтаринро хоҳон аст, Падари осмонии мо низ хоҳиш дорад, ки мо аз хушбахтии ҷовидона лаззат барем (Ишаъё 48:17, 18). Ӯ ваъда медиҳад, ки «касе, ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳанно 2:17).

Худо мехоҳад, ки мо бо роҳҳои Ӯ равона бошем.

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Офаридгори мо мехоҳад «тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад», то «ба роҳҳои Ӯ равона шавем» (Ишаъё 2:2, 3). Ӯ «қавме ба исми Худ» ба вуҷуд овард, то ки иродаашро дар тамоми замин маълум созад (Аъмол 15:14).

Худо мехоҳад, ки мо дар ягонагӣ Ӯро ибодат кунем.

Ибодати поки Яҳува онҳоро дар муҳаббати самимӣ ба ҳам мепайвандад, ки ин худ як мӯъҷиза аст (Юҳанно 13:35). Кӣ имрӯз дар ҳама ҷо мардону занонро таълим медиҳад, ки дар ягонагӣ ба Худо хизмат кунанд? Мо шуморо даъват мекунем, ки ба ин савол аз ин брошура ҷавоб ёбед.