Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 9

Аз Масеҳи Роҳнамо таълим гиред

Аз Масеҳи Роҳнамо таълим гиред

ХУДО пешгӯӣ карда буд, ки Масеҳро бар тамоми одамон Роҳнамо таъин хоҳад кард. Офаридгор медонад, ки мо ба чӣ гуна роҳнамо ниёз дорем, аз ин рӯ барои мо Роҳнамои беҳтаринро интихоб кардааст. Масеҳи ваъдашуда чӣ гуна Роҳнамо буд? Сарлашкари пурқудрат? Сиёсатмадори бомаҳорат? Ё файласуфи хирадманд? Мувофиқи Китоби Муқаддас Масеҳ ин Исо–пайғамбар буд, ки аз ҳамаи пайғамбарон фарқ мекард (Матто 23:10).

Худо ғамхорӣ кард, ки Исо шахси комил ва муқаддас таваллуд шавад. Баъдтар, Исо ба ҳар кӯшиши Шайтон, ки ӯро аз роҳ задан мехост, муқобилат мекард. Исо чӣ дар сухан ва чӣ дар амал дар истифода бурдани қувват, адолат, хирад ва муҳаббат комилан ба Худо пайравӣ мекард. Биёед ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр мо аз намунаи Исо таълим гирифта метавонем.

Исо кӯмаки худро аз дигарон дареғ намедошт

Исо қувваеро, ки Худо барояш дода буд, баҳри кӯмак ба одамон истифода мебурд. Исо дар ҳақиқат ғамхори одамон буд ва қувваташро барои ниёзҳои одамон дареғ намедошт. «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро... барои хӯрдан чизе надоранд»,— гуфт ӯ (Марқӯс 8:2). Сипас Исо тӯдаи бузурги одамонеро, ки барои гӯш карданаш омада буданд, бо мӯъҷиза сер кард.

Исо инчунин ба ҳар ҷо сафар карда, таълим медод ва «ҳар беморӣ ва ҳар дарди мардумро шифо мебахшид» (Матто 4:23). Албатта, одамони зиёд аз паси ӯ мерафтанд ва «тамоми издиҳом саъю кӯшиш мекарданд, ки Ӯро ламс намоянд, чунки куввате аз Ӯ берун омада, ҳамаро шифо мебахшид» (Луқо 6:19). Ҳақиқатан ҳам, Исо «на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад» (Матто 20:28) a. Кадоме аз роҳбарони инсонӣ чунин рӯҳияи фидокорӣ зоҳир мекунад?

Исо кӯдаконро дӯст медошт

Исо адолати Худоро зоҳир мекард. Исо аз рӯи қонун ва принсипҳои Худо амал мекард. Чуноне ки дар Каломи Худо пешгӯӣ шуда буд, ӯ бо рафтораш суханони Довудро иҷро кард: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам ва шариати Ту андаруни дили ман аст» (Забур 39:9). Исо мисли Худо ба ҳама — бою камбағал, марду зан, кӯдакону калонсолон — бо эҳтиром ва бе рӯйбинӣ муносибат мекард ва ба қадру қимматашон мерасид. Боре шогирдони Исо волидонеро, ки кӯдакони худро назди ӯ оварданӣ буданд, маломат карданд. Вале Исо гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад» (Марқӯс 10:14).

Дар амали Исо хиради Худо дида мешуд. Ӯ одамонро хеле хуб мефаҳмид ва «он чи дар инсон аст, Худ медонист» (Юҳанно 2:25). Вақте ки душманони Исо барои ҳабс карданаш одамонро фиристоданд, ҳатто онҳо эътироф карданд, ки «касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст». Хиради ӯ аз куҷо буд? Ӯ фаҳмонд: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст» (Юҳанно 7:16, 46).

Исо бо дилсӯзӣ беморонро шифо медод

Дар корҳои Исо муҳаббати Худо дида мешуд. Ӯ ба одамон ҳамдардӣ зоҳир мекард. Боре як мард, ки «пур аз махав» буд ӯро илтиҷо кард: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Исо аз дилсӯзӣ «дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: “Мехоҳам, пок шав!” Ва дарҳол махав аз вай нест шуд» (Луқо 5:12, 13; Марқӯс 1:41, 42). Исо ҳақиқатан ҳам мехост, ки он одами бечораро аз азобаш озод кунад.

Оё Исо ба шумо ғамхорӣ кардан мехоҳад? Худи ӯ ҷавоб медиҳад: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт» (Матто 11:28, 29).

Исо — Роҳнамои беҳтарин аст. Барои ҳамин, ӯ моро бармеангезад: «Аз Ман таълим ёбед». Оё шумо ин даъвати самимии ӯро қабул мекунед? Агар қабул кунед, шумо ҳаёти хушбахтонаро ба даст хоҳед овард.

a Барои дар бораи фидия маълумоти бештар гирифтан, ба китоби «То абад зинда бошед!», дарси 27, нигаред.