Забур 47:1-9

  • Худо бар тамоми замин Подшоҳ аст

    • Яҳува Худои ваҳмангез аст (2)

    • Дар васфи Худо бисароед (6, 7)

Ба сардори ромишгарон. Таронаи писарони Қӯраҳ.+ 47  Эй ҳамаи халқҳо, қарсақ занед,Ба Худо бо хурсандӣ нидо кунед ва бонги шодӣ занед,   Зеро Худои Таоло, Яҳува, Худои ваҳмангез аст,+Ӯ бар тамоми замин Подшоҳи бузург аст.+   Ӯ халқҳоро зердасти мо мегардонад,Миллатҳоро зери пойи мо меафканад.+   Ӯ бароямон меросе интихоб мекунад,+Яъне ифтихори Яъқубро, ки дӯсташ медорад.+ (Село)   Нидоҳои шодӣ садо доданду Худо ба макони худ баромад,Яҳува бо овози шох боло баромад.   Дар васфи Худо бисароед*, бисароед. Дар васфи Подшоҳи мо бисароед, бисароед,   Зеро Худо бар тамоми замин Подшоҳ аст,+Бисароед ва бофаҳм бошед.   Худо бар ҳамаи миллатҳо Подшоҳ шудааст,+Ӯ бар тахти муқаддас нишастааст.   Пешвоёни халқҳо ҷамъ омадаанд,Бо халқи Худои Иброҳим гирд омадаанд,Зеро ҳокимони* замин аз они Худоянд. Ӯ боломақом аст.+

Поварақҳо

Ё «бинавозед».
Дар матни асл «сипарҳои».